Тартиби пешбурд ва нашри Кадастри давлатии силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он аз 3 марти соли 2014 № 154

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 154

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 154

тасдиқ шудааст

Тартиби пешбурд ва нашри Кадастри давлатии силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур талаботи умумиро ба пешбурд ва нашри Кадастри давлатии силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он (минбаъд - Кадастр), ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гардиш иҷозат дода шудаанд, муқаррар мекунад.

2. Ҳама намудҳои силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва навъи лавозимоти ҷангии он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд ва дорои сертификати мутобиқати намунаи муқарраргардида мебошанд, бояд ба Кадастр дохил карда шаванд.

Ба Кадастр маълумот дар бораи силоҳи сард ва силоҳи ҳаводиҳанда, ҳамчунин силоҳи ғайринизомии нусхаашон камшумор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташаванда, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда дохил карда намешаванд.

2. Пешбурди Кадастр

3. Кадастр аз фаслҳои зерин иборат аст:

а) силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он;

б) силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он:

...

Приложение 1

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 марта 2014 года, № 154

Приложение 1

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 марта 2014 года, № 154

ПОРЯДОК ведения и издания Государственного кадастра служебного и гражданского оружия и боеприпасов к нему

1. Общие положения

1. Настоящий Порядок устанавливает общие требования к ведению и изданию Государственного кадастра служебного и гражданского оружия и боеприпасов к нему (далее - Кадастр), разрешенных к обороту на территории Республики Таджикистан.

2. Все модели служебного и гражданского оружия и типы боеприпасов к нему, производимые на территории Республики Таджикистан, ввозимые на территорию Республики Таджикистан, вывозимые из Республики Таджикистан и имеющие сертификаты соответствия установленного образца, должны быть включены в Кадастр.

В Кадастр не включаются сведения о холодном и метательном оружии, а также о единичных экземплярах гражданского оружия, изготавлеваемых на территории Республики Таджикистан, ввозимых на территорию Республики Таджикистан и вывозимых из территории Республики Таджикистан.

2. Ведение Кадастра

3. Кадастр состоит из следующих разделов:

а) служебное оружие и боеприпасы к нему;

б) гражданское оружие и боеприпасы к нему:

...