Низомномаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 № 151

Санаи амалкуни: 31.10.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 151

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 151

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 701)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 701)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Агентӣ) ҳамчуни мақоми марказии ҳокимияти иҷроия барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, таъминоти иҷтимоӣ, мустақилона ташаккул ва идора намудани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ, маъмурикунӣ, пасандозкунӣ ва ҷойгиркунии саҳмҳои суғуртавӣ, пешбурди ҳисобномаҳои суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда, таъинот ва маблағгузории пардохтҳои суғуртавӣ ва иҷтимоӣ, назорат ба дурустии ҳисоб, таъинот ва пардохти онҳо ваколатдор мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 701).

2. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ". "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ", "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ", "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ", дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадхои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Агентӣ ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.

4. Маблағгузории фаъолияти дастгоҳи марказии Агентӣ ва воҳидҳои сохтории он дар асоси буҷети Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.

5. Маблағҳое, ки ба буҷети Агентӣ ворид мегарданд, тавассути таснифоти алоҳидаи буҷетӣ ба ҳисоб гирифта шуда, ба суратҳисобҳо дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, алоҳида аз маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

...

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 марта 2014 года, № 151

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 марта 2014 года, № 151

Положение Агентства социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.10.2014г.№701)

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.10.2014г.№701)

1. Общие положения

1. Агентство социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Агентство), является центральным органом исполнительной власти, уполномоченным для реализации государственной политики в сфере социального страхования и пенсий, социального обеспечения, самостоятельного формирования и управления бюджета социального страхования, депонирование и вложение страховых и социальных взносов, ведение лицевых счетов страхователей и застрахованных лиц, назначение и финансирование страховых выплат, надзор за их правильным начислением, назначением и выплатой (в редакции постановления Правительства РТ от 31.10.2014г. №701).

2. Агентство в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан "О государственном социальном страховании", "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан", "О страховых и государственных пенсиях", "Об обязательном пенсионном страховании", "О персонифицированном учете в системе обязательного пенсионного страхования", другими законами Республики Таджикистан, решениями Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

3. Агентство как центральный орган исполнительной власти осуществляет свою деятельность во взаимодействии с другими центральными органами исполнительной власти, местными исполнительными органами государственной власти, общественными объединениями и иными организациями.

4. Финансирование деятельности центрального аппарата Агентства и его структурных подразделений осуществляется на основании бюджета Агентства за счет средств государственного социального страхования.

5. Средства, поступающие в бюджет Агентства, учитываются отдельной бюджетной классификацией, зачисляются на расчетные счета в банках Республики Таджикистан и учитываются раздельно от средств республиканского и местных бюджетов.

...