Тартиби тасдиқи мутобиқати силоҳи хизмати, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ аз 3 марти соли 2014 № 154

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 154

тасдиқ шудааст

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 154

тасдиқ шудааст

Тартиби тасдиқи мутобиқати силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ

1. Таъинот ва доираи истифода

1. Санади мазкур тартиби умумии тасдиқи мутобиқати силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ, ҳамчунин маҳсулоти аз рӯи таркиб ба силоҳ монандро, ки бо Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ" муайян шудаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд, муқаррар менамояд.

2. Талаботи умумӣ

2. Тасдиқи мутобиқати силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ, инчунин маҳсулоти аз рӯи таркиб ба силоҳ монандро (минбаъд - маҳсулот) бо мақсади таъмини бехатарии он ҳангоми гардиш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ" ва талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор ба амал бароварда мешавад.

3. Дар раванди тасдиқи мутобиқат (минбаъд - сертификатсия) тавсифҳои (нишондиҳандаҳои) маҳсулот назорат карда шуда санҷишҳои истифодашаванда бояд имконияти ҳаммонандкунӣ ва тасдиқи мутобиқати маҳсулотро ба талаботи санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дошта бошанд.

4. Ҳаммонандкунии маҳсулот тибқи талаботи стандартҳои давлатӣ барои намудҳои силоҳ ва навъи лавозимоти ҷангӣ ба амал бароварда мешавад.

5. Сертификатсияи маҳсулот ба сертификатсияи намуди силоҳ (навъи лавозимот, модификатсия) ва сертификатсияи гурӯҳи (намунаи ягонаи) маҳсулот ҷудо мешавад.

6. Зери мафҳуми навъи лавозимот - сохти лавозимоте, ки ба намуди силоҳ (силоҳи оташфишони суфтамил, силоҳи оташфишони дарозмил, силоҳи газӣ, силоҳи нурафкану садодиҳанда ва ғ.), ки барои тирпарронӣ нигаронида шуда, ҳамчунин дорои нишонаи молӣ, калибр, сохт ва намуди хосаи гилзаҳо ва истеҳсоли истеҳсолкунандаи мушаххас мебошад, фаҳмида мешавад.

...

Приложение 2

Утвержден

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 3 марта 2014 года, № 154

Приложение 2

Утвержден

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 3 марта 2014 года, № 154

ПОРЯДОК подтверждения соответствия служебного, гражданского оружия и боеприпасов к нему требованиям законодательства Республики Таджикистан в области технического нормирования и стандартизации

1. Назначение и область применения

1. Настоящий акт устанавливает общий порядок подтверждения соответствия служебного и гражданского оружия и боеприпасов к нему требованиям законодательства Республики Таджикистан в области технического нормирования и стандартизации, а также конструктивно сходных с оружием изделий, определенных Законом Республики Таджикистан "Об оружии", производимых на территории Республики Таджикистан, ввозимых на территорию Республики Таджикистан и вывозимых из территории Республики Таджикистан.

2. Общие требования

2. Подтверждение соответствия служебного и гражданского оружия и боеприпасов к нему требованиям законодательства Республики Таджикистан в области технического нормирования и стандартизации, а также конструктивно сходных с оружием изделий (далее - продукция) проводится с целью обеспечения их безопасности при обороте на территории Республики Таджикистан в соответствии с Законом Республики Таджикистан "Об оружии" и требованиями соответствующих нормативных документов.

3. При проведении подтверждения соответствия (далее-сертификация) проверяются характеристики (показатели) продукции и должны использоваться методы испытаний, позволяющие провести идентификацию и подтвердить соответствие продукции требованиям законодательных актов и нормативных документов.

4. Идентификация продукции проводится в соответствии с требованиями государственных стандартов на соответствующие виды оружия и типы боеприпасов.

5. Сертификацию продукции подразделяют на сертификацию модели оружия (типа боеприпаса, модификации) и сертификацию партии (единичного образца) продукции.

6. Под типом боеприпаса понимается конструкция боеприпаса, характеризующаяся видом оружия, для стрельбы из которого они предназначены (огнестрельное гладкоствольное, огнестрельное нарезное, газовое, сигнальное и т.д.), товарным знаком, калибром, длиной гильзы, видом и материалом метаемого снаряжения и производимая конкретным изготовителем.

...