Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2014 № 1079 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, №12, қ.1, мод. 840) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаҳои 2, 4, 8, 13, 14, 17 ва 22 калимаҳои "ҳаҷми", "ҳаҷмҳои", "Ҳаҷми", мувофиқан ба калимаҳои "андозаи", "андозаҳои", "Андозаи" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 4:

- дар матни модда калимаҳои "масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии" ва "масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ" мувофиқан ба калимаҳои "ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқии" ва "ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми 8:

- сархатҳои панҷум ва дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"- суғурта ҳангоми беморӣ маҷмӯи намудҳои суғурта ба ҳисоб меравад, ки амалигардонии пардохти суғуртавиро ба маблағи муқарраршуда ва (ё) ба андозаи қисман ё пурра ҷуброн намудани хароҷоти суғурташуда бо сабаби беморӣ ё иллати дигари саломатӣ, ба истиснои суғуртаи гурӯҳҳои дар сархати якуми қисми 3 моддаи мазкур нишондодашуда пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи ипотекӣ намуди суғуртае ба ҳисоб меравад, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро ба андозаи қисман ё пурра ҷуброн намудани зарари ба манфиатҳои молумулкии қарздор дар натиҷаи аз тарафи қарзгиранда иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои мувофиқи шартномаи қарзи манзилии ипотекии ба зимма гирифтааш бинобар паст шудани нархи бозории манзиле, ки молу мулки барои қарзи манзили ипотекии багаравмондашуда мебошад, расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;";

- дар сархати понздаҳум калимаҳои "тафтишоти судӣ" ба калимаҳои "муҳокимаи судӣ" иваз карда шаванд.

3. Дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 5 калимаҳои "масъулияти шаҳрвандӣ" ба калимаҳои "ҷавобгарии гражданӣ" иваз карда шаванд.

4. Сархати сеюми қисми 2 моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ташкилоти суғуртавие, ки дар сармояи оинномавиаш ҳиссаи сармоягузори хориҷиро дорад, ӯҳдадор аст, ки оид ба зиёд намудани андозаи сармояи оинномавии худ аз ҳисоби воситаҳои сармоягузорони хориҷӣ, дар бораи ба манфиати сармоягузори хориҷӣ бегона кардани (аз ҷумла ба сармоягузорони хориҷӣ фурӯхтани) саҳмияҳои худ (ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ), саҳмгузорони (иштирокчиёни) ватанӣ бошанд оид ба харидани саҳмияҳои ба сармоягузорони хориҷӣ тааллуқдошта (ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ) пешакӣ мақоми давлатии назорати суғуртаро огоҳ намоянд;".

5. Дар қисми 1 моддаи 9 ва моддаи 20 калимаҳои "мақомоти давлатии ваколатдор" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СТРАХОВОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 29 декабря 2010 года "О страховой деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2010 г., №12, ч. 1, ст. 840) следующие изменения и дополнения:

1. Из абзаца двенадцатого части 8 статьи 4 слова "(страхование залогового недвижимого имущества)" исключить.

2. В абзаце третьем статьи 8 и части 5 статьи 17 слова "фонде" и "фонда" соответственно заменить словами "капитале" и "капитала".

3. Часть 5 статьи 13 после слов "страхования имущества" дополнить словами "и (или) гражданской ответственности".

4. В статье 22:

- часть 5 дополнить абзацем седьмым следующего содержания:

"- надзор за соблюдением страховщиками (страховыми организациями) требований законодательства Республики Таджикистан о противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма;";

- часть 6 дополнить абзацем третьим следующего содержания:

"- представлять информацию обо всех подозрительных сделках и операциях по выплате и получению страховых в соответствии с положениями Закона Республики Таджикистан "О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма" в уполномоченный орган по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                 Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан                                 Эмомали Рахмон

...