Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2014 № 1078 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ВА БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2005 "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №12, мод.662; с.2008, №12, қ.2, мод.1010) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- сархатҳои якум ва чорум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"-вируси норасоии масунияти одам - вирусе, ки ҳолати норасоии масуниятро дар организми одам ба вуҷуд меорад;

- бемории пайдошудаи норасоии масуният - давраи интиҳоии сироятёбӣ, ки онро вируси норасоии масунияти одам боис шудааст;";

- дар сархати шашум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;

- сархатҳои ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум ва даҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

" - гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам - шахсоне, ки эҳтимолан метавонанд бо сарчашмаи вируси норасоии масунияти одам иртибот дошта, ҳамчунин дар инкишофи эпидемия ва чораҳои ҷавобӣ нақши асосӣ бозанд, аз ҷумла шахсони алоқаи ҷинсии ҳамҷинсона дошта, шахсони фоҳиша ва шахсоне, ки воситаҳои нашъадорро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд;

- гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ - шахсоне, ки барои онҳо бо сабаби таъсири шароити номусоиди оилавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва меҳнатӣ хатари сироят ёфтан аз вируси норасоии масунияти одам зиёд мегардад, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳбусон, кӯдакони бесаробон, ҷавонони бемори дорои нишонаи бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сирояткунанда, шарикони ҷинсии шахсоне, ки маводи нашъаоварро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд;

- пинҳонӣ - муоинаи шахс бо мақсади ошкор кардани мубталошавӣ ба вируси норасоии масунияти одам (машваратдиҳӣ, ташхис) бе ифшои насаб, ном, номи падар ва маълумоти дигар;

- махфӣ - манъ будани ҳама гуна муҳокимаи вазъи солимии шахс ё дар бораи вай ошкор кардани маълумот, ба ғайр аз муносибатҳои байниҳамдигарии касбӣ ва танҳо бо розигии худи шахс".

2. Дар сархати сеюми қисми дуюми моддаи 4 баъд аз калимаҳои "бемории пайдошудаи норасоии масуният" калимаҳои "бо риояи махфӣ будани муоинаи он" илова карда шаванд.

3. Дар моддаи 5:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПРОТИВОДЕЙСТВИИ ВИРУСУ ИММУНОДЕФИЦИТА ЧЕЛОВЕКА И СИНДРОМУ ПРИОБРЕТЕННОГО ИММУНОДЕФИЦИТА"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 декабря 2005 года "О противодействии вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №12, ст. 662; 2008 г., № 12, ч. 2, ст. 1010) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 1:

- абзацы первый и четвертый изложить в следующей редакции:

"- вирус иммунодефицита человека - вирус, который вызывает иммунодефицитное состояние в организме человека;

- синдром приобретенного иммунодефицита - терминальная (конечная) стадия инфекции, вызванная вирусом иммунодефицита человека;";

- в абзаце шестом знак точка заменить знаком точка с запятой ";";

- дополнить абзацами седьмым, восьмым, девятым и десятым следующего содержания:

" - специальные группы населения с повышенным риском заражения вирусом иммунодефицита человека - лица, которые вероятнее всего могут иметь контакт с источником вируса иммунодефицита человека, а также играют ключевую роль как в развитии эпидемии, так и в ответных мерах, в том числе лица, имеющие однополые половые контакты, лица, предоставляющие сексуальные услуги, и лица, употребляющие инъекционные наркотики;

- уязвимые группы населения - группы населения, для которых повышается риск инфицирования вирусом иммунодефицита человека, в связи с влиянием неблагоприятных семейных, экономических, социальных, культурных и трудовых условий, в том числе трудовые мигранты, заключенные, беспризорные дети, молодежь с симптомами инфекций, передающихся половым путем, половые партнеры лиц, употребляющих инъекционные наркотики;

- анонимность - обследование лица на вирус иммунодефицита человека (консультирование, тестирование) без указания фамилии, имени и отчества и других данных;

- конфиденциальность - запрет на любое обсуждение состояния здоровья лица или разглашение информации о нем, кроме как в профессиональных взаимоотношениях и только с согласия лица.".

2. Абзац третий части второй статьи 4 после слов "приобретенного иммунодефицита" дополнить словами "с соблюдением конфиденциальности его обследования".

3. В статье 5:

...