ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511)
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №9, мод.838) боби 47(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"БОБИ 47(1). ХУСУСИЯТИ АНДОЗБАНДИИ ХОҶАГИҲОИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ ВА КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАИ ХӯРОКИ ОМЕХТАИ ПАРРАНДА ВА ЧОРВО
Моддаи 313(1). Хусусияти андозбандии хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво
1. Муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳое, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли саноатии хӯроки омехтаи парранда ва чорво машғул буда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва (ё) қарзи бонкҳои хориҷӣ дар ҳаҷми на камтар аз 16 миллион доллари ИМА фаъолият менамоянд (минбаъд - корхонаҳо), татбиқ карда мешавад.
2. Корхонаҳои ҷавобгӯи муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур дар сурати аз ҷониби бонкҳои хизматрасони онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи воридшавии маблағҳо ба ҳисоби онҳо ва (ё) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидани воридшавии сармоя ба фонди оинномавии онҳо, аз супоридани андозу пардохтҳои зерин ба мӯҳлати 12 сол озод карда мешаванд:
- андоз аз фоида;
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андоз аз молу мулки ғайриманқул;
- андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳо.
3. Дар ҳолати аз ҷониби чунин корхонаҳои тибқи ҳамин боб андозбандишаванда таҳвил додани молҳои воридотӣ ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин амалиёт бо андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва дигар андозҳо бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.
4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи молҳои воридотии бевосита барои эҳтиёҷоти худии корхонаҳо воридшавандаро, ки тибқи ҳамин боб андозбандӣ мешаванд, муайян менамояд.
5. Барои корхонаҳои тибқи ҳамин боб андозбандишаванда мӯҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи андоз, инчунин мӯҳлати даъво ба мӯҳлати (давраи) пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ мутобиқи қисмҳои 2 ва 4 моддаи мазкур дароз карда мешавад.
6. Дастурамал оид ба андозбандии корхонаҳои тибқи ҳамин боб андозбандишаванда, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобот, маълумот) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".
Моддаи 2.
1. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
2. Имтиёзҳои андозии пешбининамудаи моддаи 313(1) Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳо тибқи муқаррароти Қонуни мазкур дода мешаванд.
3. Ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Мурғи ҳилол"-и ноҳияи Файзобод ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нутристар Тоҷикистон"-и шаҳри Душанбе, ки муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи 313(1) Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамоянд, имтиёзҳои андозии пешбининамудаи моддаи зикршуда аз 1 январи соли 2014 ба мӯҳлати 12 сол дода мешаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
28 декабри соли 2013 № 1045
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш.Душанбе, 5 декабри соли 2013, № 1372
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013 № 601
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В НАЛОГОВЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
(в редакции Закона РТ от 21.02.2018г.№1511)
Статья 1. Дополнить Налоговый кодекс Республики Таджикистан от 17 сентября 2012 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №9, ст.838) главой 47(1) следующего содержания:
"ГЛАВА 47(1). ОСОБЕННОСТИ НАЛОГООБЛОЖЕНИЯ ПТИЦЕВОДЧЕСКИХ ХОЗЯЙСТВ И ПРЕДПРИЯТИЙ ПО ПРОИЗВОДСТВУ КОМБИНИРОВАННЫХ КОРМОВ ДЛЯ ПТИЦ И ЖИВОТНЫХ
Статья 313(1). Особенности налогообложения птицеводческих хозяйств и предприятий по производству комбинированных кормов для птиц и животных
1. Положения настоящей статьи применяются к птицеводческим хозяйствам и предприятиям, занятым в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, промышленным производством комбинированных кормов для птиц и животных и функционирующих с привлечением иностранного капитала и (или) кредита иностранных банков в размере не менее 16 миллионов долларов США (далее - предприятия).
2. Предприятия, отвечающие требованиям положений части 1 настоящей статьи, в случае предоставления обслуживающими их банками в Республике Таджикистан подтверждающих документов о поступлении средств на их счета и (или) подтверждения уполномоченным государственным органом поступления капитала в их уставный фонд, освобождаются от уплаты следующих налогов и платежей сроком на 12 лет:
- налог на прибыль;
- налог на добавленную стоимость;
- налог с пользователей автомобильных дорог;
- налог на недвижимое имущество;
- налог на добавленную стоимость и таможенной пошлины при ввозе товаррв непосредственно для собственных нужд предприятий.
3. В случаях поставки такими предприятиями, налогооблагаемыми в соответствии с настоящей главой, ввозимых товаров на внутренний рынок Республики Таджикистан, такие операции подлежат налогообложению налогом на добавленную стоимость, таможенной пошлиной и иными налогами в общеустановленном настоящим Кодексом и Таможенным кодексом Республики Таджикистан порядке.
4. Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан и Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан определяет перечень товаров, ввозимых непосредственно для собственных нужд предприятий, налогооблагаемых в соответствии с настоящей главой.
5. Для предприятий, налогооблагаемых в соответствии с настоящей главой, срок хранения учетной документации и налоговой отчетности, а также срок исковой давности продлевается на срок (период) предоставления налоговых льгот в соответствии с частями 2 и 4 настоящей статьи.
6. Инструкция по налогообложению предприятий, налогооблагаемых в соответствии с настоящей главой, а также формы деклараций (отчетов, сведений) утверждаются уполномоченным государственным органом по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 28 декабря 2013 года, № 1045
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Налоговый кодекс Республики Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Налоговый кодекс Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан ь Ш. Зухуров
г. Душанбе, 5 декабря 2013 года, №1372
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Налоговый кодекс Республики Таджикистан"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Налоговый кодекс Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Налоговый кодекс Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 16 декабря 2013 года, №601