Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 октябри соли 2001 № 456
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 октябри соли 2001 № 456
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Низомномаи мазкур тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрию ҳуҳуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ" санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ инҳоянд: Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои ҷумҳуриявӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст.
2. Санадҳои меъёрию ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳрасти давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дароварда мешаванд. Феҳрасти давлатӣ қисми таркибии системаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар қаламрави давлат расонидани ахбори ҳуқукиро ба амал мебарорад ва манбаи маълумоти ахбори хуқуқӣ мебошад.
Феҳрасти давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарад.
3. Ба Феҳрасти давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии зерин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз 9 сентябри соли 1991 қабул шудаанд, дохил карда мешаванд:
- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон;
- Қонунҳои конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон;
- Қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон;
...