Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2013 № 1060 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИЛМ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №10, мод.94; с.2004, №5, мод.336; с.2007, №7, мод.697; с.2008, №12, қ.2, мод.1011; с 2013, №7, мод. 535) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 2:

- дар сархати даҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархатҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- Кодекси намунавии одоби илмӣ - маҷмӯи муназзами қоидаву меъёрҳои рафтор, ақидаву принсипҳои ахлоқии ташкили фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ танзим менамояд;

- одоби илмӣ - меъёру қоидаҳои ахлоқии аз ҷониби ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ муқаррар ва эътирофшудаи корманди илмӣ (муҳаққиқ);

- рафтори ношоями илмӣ - амали ношоистаи корманди илмӣ, ҳамчун сохтакории маълумот, қасдан таҳриф кардани ҳақиқат, азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), инчунин харидан ва фурӯхтани таҳқиқоти илмӣ (рисолаҳои илмӣ, лоиҳаҳои дипломӣ, хатмкунӣ ва курсӣ) бо мақсади минбаъд дифои ошкорои он аз номи худ.".

2. Боби 3(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"БОБИ 3(1). АСОСҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ

Моддаи 10(1). Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ

Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмие, ки дар ҷараёни таҳқиқот аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешаванд, инҳоянд:

- қобили қабул будани танқид ва мубоҳиса, муносибати боэҳтиромона нисбат ба муноқиз (оппонент), роҳбари илмӣ ва унвонҷӯ;

- арзёбии ҳақиқати ақидаҳои илмӣ новобаста ба синну сол, ҷинс, нажод ва нуфузу унвонҳои корманди илмии ин ақидаҳоро асосноккунанда;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О НАУКЕ И ГОСУДАРСТВЕННОЙ НАУЧНО-ТЕХНИЧЕСКОЙ ПОЛИТИКЕ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года "О науке и государственной научно-технической политике" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., №10, ст. 94; 2004 г., №5, ст. 336; 2007 г., №7, ст. 697; 2008 г., №12, ч.2, ст. 1011; 2013 г., №7, ст. 535) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 2:

- в абзаце десятом знак точки заменить знаком точки с запятой ";";

- дополнить абзацами одиннадцатым, двенадцатым и тринадцатым следующего содержания:

"- типовой Кодекс научной этики - систематизированный свод правил и норм поведения, убеждений и этических принципов организации научной и научно-технической деятельности, регулирующий общественные отношения в области научных исследований;

- научная этика - установленные и признанные мировым научным сообществом нормы поведения и правила морали научного работника (исследователя);

- научный проступок - недостойные научного работника действия, такие как фальсификация данных, умышленное искажение истины, плагиат, а также приобретение и продажа научных исследований (диссертации, дипломные, выпускные и курсовые проекты) в целях их дальнейшей публичной защиты под собственным именем.".

2. Дополнить главой З(1) следующего содержания:

"ГЛАВА З(1). ЭТИЧЕСКИЕ ОСНОВЫ НАУЧНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ

Статья 10(1). Этические принципы научной деятельности

Этическими принципами научной деятельности, поддерживаемыми государством в процессе научных исследований, являются:

- конструктивный характер критики и дискуссий, уважительное отношение к оппоненту, научному руководителю и соискателю научной степени;

- оценка истинности научных утверждений независимо от возраста, пола, расы, авторитета и званий научного работника, формулирующего их;

...