Оинномаи Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии "Помир - Чақалтой" аз 5 декабри соли 2013 № 566

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 декабри соли 2013 № 566

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 декабри соли 2013 № 566

тасдиқ шудааст

Оинномаи Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии "Помир - Чақалтой"

Моддаи 1

1. Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии "Помир-Чақалтой" (минбаъд - Марказ) фаъолияти худро дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии "Помир-Чақалтой", ки санаи 29 августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе баста шудааст (минбаъд - Созишнома), шартномаҳои дигари байналмилалӣ бо иштироки Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузориҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.

2. Муассисони Марказ Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки минбаъд Тарафҳои муассис номгузорӣ мешаванд.

3. Ҳукуматҳои Тарафҳо - аъзои Марказ минбаъд дар матн Тарафҳо номгузорӣ мешаванд.

4. Марказ ташкилоти байналмилалии байниҳукуматӣ буда, фаъолияти худро дар асоси принсипи кушода будани он ба ҳамаи давлатҳои манфиатдор, ҳамкориҳои баробарҳуқуқи ба тарафайн судманд амалӣ менамояд.

Моддаи 2

1. Мақсад ва мавзӯи асосии Марказ муттаҳид намудани нерӯи илмӣ, моддӣ ва молиявии давлатҳои манфиатдор барои гузаронидани тадқиқотҳои муштараки ҳастаӣ (ядроӣ) ва астрофизикии шуоъҳои кайҳонии энергияҳои фавқулбаланд (минбаъд - тадқиқоти илмӣ) бо истифодаи камераи рентгеноэмулсионии бисёрзинагӣ мебошад, ки он пештар барои гузаронидани таҷрибаи байналмилалии эмулсионии "Помир-Чақалтой" сохта шуда буд.

2. Марказ ба ҳифз ва рушди нерӯи илмӣ-техникии худ бо роҳи сохтани дастгоҳҳои илмии комплексии насли нав ҳам дар пойгоҳҳои мавҷудаи илмӣ ва ҳам дар пойгоҳҳои навсохташавандаи илмӣ мусоидат менамояд.

3. Мавзӯъоти тадқиқоти илмӣ дар Барномаи илмии Марказ муайян карда мешавад.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 5 декабря 2013 года, № 566

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 5 декабря 2013 года, № 566

УСТАВ Международного научно-исследовательского центра "Памир-Чакалтай"

Статья 1

1. Международный научно-исследовательский центр "Памир-Чакалтай" (далее - Центр) руководствуется в своей деятельности Соглашением между Правительством Российской Федерации и Правительством Республики Таджикистан о создании и деятельности Международного научноисследовательского центра "Памир-Чакалтай", подписанным 29 августа 2008 года в городе Душанбе (далее - Соглашение), другими международными договорами с участием Российской Федерации и Республики Таджикистан, законодательством Российской Федерации и законодательством Республики Таджикистан, а также настоящим Уставом.

2. Учредителями Центра являются Правительство Российской Федерации и Правительство Республики Таджикистан, далее именуемые Сторонами-учредителями.

3. Правительства государств - членов Центра далее именуются Сторонами.

4. Центр является международной межправительственной организацией и осуществляет свою деятельность на принципах ее открытости для всех заинтересованных государств, их равноправного взаимовыгодного сотрудничества.

Статья 2

1. Основной целью и предметом деятельности Центра является объединение научного, материального и финансового потенциалов заинтересованных государств для проведения совместных ядерных -.и астрофизических исследований космических лучей сверхвысоких энергий (далее - научные исследования) с использованием многосекционной рентгеноэмульсионной камеры, ранее созданной для проведения международного эксперимента "Памир-Чакалтай".

2. Центр способствует сохранению и развитию своего научнотехнического потенциала путем создания комплексных научных’установок нового поколения как на существующих, так и вновь обустраиваемых научных полигонах.

3. Тематика научных исследований определяется научной программой Центра.

...