Бо қарори
МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 октябри соли 2013, № 1301
Бо қарори
МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 октябри соли 2013, № 1301
КОНВЕНСИЯИ 144 Конвенсия оид ба машваратҳои сеҷониба (меъёрҳои байналмилалии меҳнат), соли 1976
Конференсияи генералии Созмони байналмилалии меҳнат, дар Женева аз тарафи Шӯрои маъмурии Бюрои байналмилалии меҳнат даъват карда шуд ва 2 июни соли 1976 иҷлосияи 61-уми худро барпо намуд, бо таъкиди муқаррароти конвенсияҳо ва тавсияҳои байналмилалии мавҷуда дар соҳаи меҳнат, алалхусус: Конвенсияи соли 1948 дар бораи озодии ассотсиатсия ва ҳифзи ҳуқуқ барои ташкил намудан, Конвенсияи соли 1949 оид ба ҳуқуқи ташкил намудан ва пешбурди гуфтушунидҳои дастаҷамъона ва Тавсияи соли 1960 оид ба машваратҳо дар миқёси соҳавӣ ва миллӣ, ки ҳуқуқи соҳибкорон ва меҳнаткашонро ҷиҳати таъсиси ташкилотҳои озод ва мустақил тасдиқ менамоянд ва барои баланд бардоштани самарабахшии машваратҳо дар сатҳи миллӣ байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои соҳибкорон ва меҳнаткашон андешидани чораҳоро талаб менамоянд, инчунин муқаррароти конвенсияҳо ва тавсияҳои байналмилалии сершумор дар соҳаи меҳнат, ки гузаронидани машваратҳоро бо ташкилотҳои соҳибкорон ва меҳнаткашон ҷиҳати татбиқи ин конвенсияҳо ва тавсияҳо пешбинӣ менамоянд, банди чоруми рӯзномаи иҷлосияро баррасӣ намуд, ки он "Таъсис додани механизми сеҷониба ҷиҳати мусоидат ба татбиқи меъёрҳои байналмилалии меҳнат" номида шудаанд ва бо қарори қабули як қатор пешниҳодҳо оид ба машваратҳои сеҷониба барои мусоидат намудан дар татбиқи меъёрҳои байналмилалии меҳнат, бо қарори ба ин пешниҳодҳо додани шакли конвенсия, ки бисту якуми июни соли ҳазору нӯҳсаду ҳафтоду шаш Конвенсияи мазкур қабул гардид, ки метавонад Конвенсияи соли 1976 оид ба машваратҳои сеҷониба (меъёрҳои байналмилалии меҳнат) номида шавад:
Моддаи 1
Дар Конвенсияи мазкур истилоҳи "ташкилотҳои бонуфуз" ба маънои ташкилотҳои бонуфузтарини соҳибкорон ва меҳнаткашон омадааст, ки аз ҳуқуқ ва озодии иттиҳодияҳо истифода мебаранд.
Моддаи 2
1. Ҳар як узви Созмони байналмилалии меҳнат, ки Конвенсияи мазкурро ба тасвиб мерасонад, расмиёти машварати самарабахшро байни намояндагони ҳукумат, соҳибкорон ва меҳнаткашон оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Созмони байнамилалии меҳнат, ки поёнтар дар моддаи 5 банди 1 зикр шудааст, таъмин менамояд.
2. Ҳар як давлат хусусият ва шакли расмиётеро, ки дар банди 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, мутобиқи амалияи миллӣ пас аз машваратҳо бо ташкилотҳои бонуфуз, ки дар онҳо чунин ташкилотҳо мавҷуданд ва чунин расмиёт ҳоло муқаррар нашудаанд, муайян мемамояд.
Моддаи 3
1. Намояндагони соҳибкорон ва меҳнаткашон, барои амалӣ намудани мақсадҳои расмиёте, ки дар Конвенсияи мазкур пешбинӣ шудаанд, ба таври озод аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи худ, ки дар онҳо чунин ташкилотҳо вуҷуд дошта бошанд, интихоб мегарданд.
2. Соҳибкорон ва меҳнаткашон дар ҳар гуна мақомот, ки тавассути онҳо машваратҳо амалӣ мегарданд, дар асоси баробарӣ пешниҳод гардидаанд.
Моддаи 4
...