Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июли соли 1999 № 1248
тасдиқ шудааст
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июли соли 1999 № 1248
тасдиқ шудааст
Низомномаи агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон
1. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Презвденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (мимбаъд , Агенти) тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 1999 № 1218 ҷиҳати иҷрои Конвенсияи Ягонаи СММ дар бораи воситаҳои нашъадор соли 1961 ва Протоколи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати (маводи наошъаовар ва пешгирии ҷиноят, ки 27 апрели соли 1999 дар шаҳри Вена имзо шудааст, таъсис гардидааст. Агентӣ мақоми идораи давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ва мубориза алайҳи муамилоти ғайриқонунии онҳо анҷом дода, инчунин фурӯши онро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.
Агентӣ дар фаъолияти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
2. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
3. Агентӣ дар доираи салоҳияти худ ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, вазорату идораҳоро дар соҳаи муоимилоти қонунии воситаҳои нашъадор ва мубариза алайҳи муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирӣ ва муолиҷаи нашъашамандиро анҷом дода, (мустақиман дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи поихотропӣ ва прекурсорҳои онҳо иштирок менамояд.
4. Агентӣ тибқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи баймалмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мӯамилоти қонунии воситаҳои нашъадор, маводӣ психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ва мубариза алайҳи муомилоти ғайриқонунии онҳо манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намдуда, дар Кумитаи байналхалқии СММ оид ба назорати воситаҳои нашъадор ва дар дигар ташмилотҳои байналхалқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
5. Агентӣ ҳар сол сметаи хароҷотро барои таъминоти он таҳия менамояд, ки ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
6. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои суратҳисоб, дигар ҳисобномаҳо (аз ҷумла асъорӣ), мӯҳр ба айси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи хеш бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ мебошад..
7. Вазифаҳои асосии агентӣ аз таъмини ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории байни вазорату идораҳоро оид ба масъалаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, пешгирӣ ва муолиҷаи нашъамандон иборат аст.
...