Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, № 499 "Дар бораи пардохтҳои ғайриандозӣ ба даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки бастаи саҳмияҳои онҳо пурра ба давлат тааллуқ дорад"

Санаи амалкуни: 30.04.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2023 № 118 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи пардохтҳои ғайриандозӣ ба даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 206)

Мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", моддаҳои 36 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагидории соли 2013 ва солҳои молиявии оянда пардохтҳои зерини ғайриандозӣ, ҳамчун даромадҳои молик аз дороиҳо дар корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки бастаи саҳмияҳои онҳо пурра ба давлат тааллуқ дорад, ба даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, вобаста ба шакли моликият, муқаррар карда шавад:

- аз фоидаи софи тибқи баҳисобгирии андози муайяннамудаи ҳамаи намудҳои корхонаҳои давлатӣ ба андозаи 10 фоиз (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 206);

- дивидендҳо аз фоидаи софи тибқи баҳисобгирии андози муайяннамудаи ҷамъиятҳои саҳомие, ки ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавии онҳо 100 фоизро ташкил медиҳад, ба андозаи 10 фоиз (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 206).

2. Корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки саҳмияҳои онҳо 100 фоиз ба давлат тааллуқ доранд, маблағҳои ғайриандозӣ аз фоидаи соф ва дивидендҳоро мутобиқи андозаҳои дар банди 1 қарори мазкур муқарраргардида, вобаста ба шакли моликият, ба даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳар сол на дертар аз 31 июли баъди соли ҳисоботӣ пардохт намоянд. Ҷамъоварии пардохтҳои мазкур ба зиммаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

3. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавриди иштирок дар маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҷамьиятҳои саҳомие, ки ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавии онҳо зиёда аз 50 фоизро ташкил медиҳад, оид ба муайян намудани андозаи суди саҳмияҳо дар ҳаҷми 10 фоиз ба даромади буҷети давлатӣ, аз фоидаи софи ҷамъиятҳои саҳомии мазкур, ки тибқи баҳисобгирии андозӣ ҳисоб карда мешавад, пешниҳод менамоянд ва барои қабули ин пешниҳод овоз медиҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 206).

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба даромади буҷети давлатӣ гузаронидани пардохтҳои ғайриандозӣ аз ҳисоби фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва дивидендҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, дар Гурӯҳбандии даромад ва хароҷоти буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи алоҳида кушояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 206).

5. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 апрели баъди соли ҳисоботӣ оид ба фоидаи софи гирифтаи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад ва то 31 июли баъди соли ҳисоботӣ оид ба пардохтҳои амалишудаи ғайриандозӣ ба даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мутобиқи замимаҳои 1 ва 2 маълумот пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 206).

6. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 феврали баъди соли ҳисоботӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавии онҳо зиёда аз 50 фоизро ташкил медиҳад, пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 206).

7. Барои баҳисобгирии пардохтҳои ғайриандозӣ аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавии онҳо зиёда аз 50 фоизро ташкил медиҳад, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 марти соли 2014 барои ҳар як андозсупоранда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳисобварақаҳои шахсӣ кушояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 206).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 ноябри соли 2013, № 499

 ш. Душанбе

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" ноябри соли 2013, № 499

Маълумотнома дар бораи фоидаи софи гирифтаи корхонаҳои давлатӣ ва пардохтҳои амалишудаи ғайриандозӣ ба даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ

                                                     (бо сомонӣ)

+-+--------+----------+------------+-----------------+---------------ҷ
|№|  Номи  |  Суроғаи |   Шакли    |Маблағи фоидаи   |   Маблағи     |
| |корхонаи|ҷойгиршавӣ|  моликият  |софи гирифтаи    |  пардохтҳои   |
| | давлатӣ|          |(ҷумҳуриявӣ |корхонаи дар соли|ғайриандозӣ ба |
| |        |          |ё коммуналӣ)|давлатӣ ҳисоботӣ |даромади буҷет |
| |        |          |            |                 |  ба ҳолати 31 |
| |        |          |            |                 |июли баъди соли|
| |        |          |            |                 |   ҳисоботӣ    |
+-+--------+----------+------------+-----------------+---------------+
|1|        |          |            |                 |               |

|2|        |          |            |                 |               |

| |        |          |            |                 |               |

| |        |   Ҷамъ   |            |                 |               |

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" ноябри соли 2013, № 499

Маълумотнома дар бораи фоидаи софи гирифтаи ҷамъиятҳои саҳомие, ки зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад ва пардохтҳои амалишудаи ғайриандозӣ ба даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ