Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2013, № 1023 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2013"

Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2012 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №11, мод.938; с.2013, №3, мод.203; №7, мод.503) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- қисмҳои 8, 9 ва 10 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"8. Иҷрои корҳои сохтмонӣ (аз ҷумла, сохтмони нақбу пулҳо ва корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ) ва воридоти молу маводи сохтмонии хати нави роҳи рҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон, азнавсозии қитъаҳои Роҳатӣ - Ваҳдат - Элок ва Қӯрғонтеппа-Вахш-Ёвон), ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" амалӣ гардида, номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

9. Қисми фаъолияти корхонаҳои дар минтақаи Хатлон ҷойгирбудаи Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" (пойгоҳи вагонҳои боркаши шаҳри Сарбанд, қитъаи роҳи Қӯрғонтеппа, истгоҳҳои роҳи оҳани Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Қурбоншаҳид, Олимтой, Данғара, Сангтӯда, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Бурёбоф, Қубодиён, Шаҳритус, Ҳошадӣ, пойгоҳи гардиши локомотивии Қӯрғонтеппа, қитъаи алоқа ва мухобироти Хатлон, қитъаи барқрасонии Хатлон, қитъаи Корхонаи воҳиди "Мусофирбар"-и Хатлон), ки бевосита ба хизматрасонии минтақаи роҳи оҳан тааллуқ дорад, аз пардохти андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешавад.

10. Дастгоҳҳои бофандагӣ (рамзи НМФИХ 8446), ки дар асоси қарордоди байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Қолинҳои Суғд" ва Ширкати "Ван-де-Вил" аз 30 январи соли 2013, №10593/2013 ворид мегарданд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. ";

- қисмҳои 8, 9, 10 ва 11 мувофиқан қисмҳои 11, 12, 13 ва 14 ҳисобида шаванд;

- дар қисми 11 калима ва рақами "қисми 9" ба калима ва рақами "қисми 12" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

11 октябри соли 2013, № 1023

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2013, № 1258

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2013 ГОД"

Статья 1. Внести в статью 15 Закона Республики Таджикистан от 19 ноября 2012 года "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2013 год" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №11, ст.938; 2013г., №3, ст.203; №7, ст.503) следующие изменения и дополнения:

- дополнить частями 8, 9 и 10 следующего содержания:

"8. Выполнение строительных работ (в том числе, строительство тоннелей, мостов и проектно-изыскательские работы), ввоз товаров и материалов для строительства новой линии железной дороги Душанбе -Курган-Тюбе (участок Вахдат-Яван, реконструкция участков Рохати -Вахдат - Иляк и Курган-Тюбе - Вахш - Яван), осуществляемые Государственным унитарным предприятием "Рохи охани Точикистон", перечень и количество которых утверждается Правительством Республики Таджикистан, освобождаются от налога на добавленную стоимость и таможенных пошлин.

9. Часть сферы деятельности предприятий Государственного унитарного предприятия "Рохи охани Точикистон"., находящихся в Хатлонском регионе (грузовое вагонное депо города Сарбанд, Кургантюбинская дистанция пути, железнодорожные станции Курган Тюбе, Куляб, Курбоншахид, Олимтой, Дангара, Сангтуда, Яван, Джалолиддина Руми, Бурёбоф, Кубодиян, Шаартуз, Хошади, Курган-тюбинское оборотное локомотивное депо, Хатлонский участок связи и корреспонденции, Хатлонский участок электроснабжения, Хатлонский участок Унитарного предприятия "Мусофирбар"), непосредственно связанных с обслуживанием участка железной дороги, освобождаются от уплаты налога на недвижимое имущество, налога с владельцев транспортных средств, налога с пользователей автомобильных дорог и налога на прибыль.

10. Ткацкие станки (код ТНВЭД 8446), ввозимые на основании контракта между Обществом с ограниченной ответственностью "Колинхои Сугд" и Компанией "Ван-де-Вил" от 30 января 2013 года, №10593/2013, освобождаются от уплаты налога на добавленную стоимость и таможенной пошлины.":

- части 8, 9, 10 и 11 соответственно считать частями 11, 12, 13 и 14;

- в части 11 слово и цифру "части 9" заменить словом и цифрой "части 12".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2013 года.

Президент

Республики Таджикистан                             Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

11 октября 2013 года, № 1023

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2013 год"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2013 год".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                      Ш. Зухуров

г. Душанбе, 1 октября 2013 года, № 1258