Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 608
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 608 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
а) Дар банди 8:
- дар ҷумлаи якум баъд аз калимаҳои "давлатӣ гузаранд," калимаҳои "дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз" илова карда шавад;
- дар ҷумлаи дуюм калимаҳои "матни электронии" ба калимаҳои "матни электронӣ ва маълумотномаи асосноккунандаи зарурати қабули" иваз карда шавад;
- ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз шрифти Times New Roman Tj, андозаи 14 омода карда шавад.";
б) Дар банди 11:
- дар ҷумлаи дуюм калимаи "Бинобар" ба калимаҳои "Дар баробари" иваз карда шавад;
- дар ҷумлаи сеюм калимаҳои ", ки барои бақайдгирии давлатӣ Тартиби" ба калимаҳои "барои бақайдгирии давлатӣ, ки Тартиби мазкур" иваз карда шавад;
- ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Дар ин ҳолат санади меъёрии ҳуқуқӣ бо дарназардошти эроду пешниҳодҳо такмил дода шуда, дар мӯҳлати як моҳ такроран барои бақайдгирии давлатӣ ё ин ки нусхаи санади дахлдор дар бораи аз эътибор соқит намудани он ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.".
...