Тартиби ташкили низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроию манбаъҳои афканишоти иондоркунанда аз 4 октябри соли 2013, № 449

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.08.2023 № 396 аз эътибор соқит дониста шуд 

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2013, № 449

тасдиқ шудааст

Тартиби ташкили низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроию манбаъҳои афканишоти иондоркунанда

Тартиби ташкили низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроию манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (минбаъд -Тартиб) мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ" таҳия карда шудааст.

1. Муқаррароти умумӣ

1. Санади мазкур тартиби ташкили низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроию манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро бо мақсади таъмини реҷаи паҳн накардани яроқи ядроӣ, коҳишёбии эҳтимолияти шуоъдиҳии зараррасони тасодуфии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ё истифодабарии қасдии онҳо барои расонидани зарар ба аҳолӣ ва муҳити зист, инчунин иҷро намудани талаботи Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии энергияи атомиро (АБЭАМАГАТЭ) оид ба татбиқи кафолатҳо (аз 14 декабри соли 2004) дар робита бо Шартнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ аз 12 июни соли 1968 (ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 1995) ва протоколҳои он муайян менамояд.

2. Талаботи Тартиби мазкур ҳама шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро новобаста аз шакли моликият, мансубияти идоравӣ ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки бо фаъолияти вобаста ба муомилоти маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (истеҳсол, истифодабарӣ, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, ҷойгиркунии маводи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, манбаъҳои афканишоти ионофари аз истифода баровардашуда, интиқол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни содирот ва воридоти маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар, гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ) машғуланд, фаро мегирад.

3. Баҳисобгирӣ ва назорати давлатии маводи ядроию манбаъҳои афканишоти иондоркунанда бо мақсади зерин амалӣ карда мешавад:

- муайянсозии аниқи миқдори мавҷудаи маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда дар нуқтаҳои (маҳалҳои) ҷойгиршавии онҳо;

- пешгирии гум кардан, истифодаи беиҷозат ва тасарруфи онҳо;

- пешниҳоди маълумоти фаврӣ оид ба мавҷудият ва тағйирёбии макони ҷойгиршавӣ, аз истифода баровардан ва гӯронидан, содирот ва воридоти маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ба мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба ташкилотҳои байналмилалии соҳаи муайян ва давлатҳо тибқи созишномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон имзошуда;

- таъмини иттилоотии мақоми ваколатдори давлатӣ барои таҳрир ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ дар доираи салоҳияташон оид ба муомилоти маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ба нафъи амнияти аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист.

2. Маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, ки ба баҳисобгирӣ ва назорати давлатӣ дохил мешавад

4. Ба баҳисобгирӣ ва назорати давлатӣ дохил мешавад:

- манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои радиоактивии кушода ва пӯшида, ки миқдор ва фаъолнокии онҳо аз сатҳи бозпасгирифтан (озодшавӣ) ва таркиби ҳосилкунандаи афканишоти иондоркунанда, ки энергияи афканишоташон аз 5 кэВ зиёд аст, баланд мебошанд);

- манбаъҳои афканишоти иондоркунандаи навсохташуда зимни воридот ба анбори маҳсулоти тайёр;

- маводи ядроӣ (маводи ибтидоӣ: маводи дорои уран ва/ё торий ва маводи таҷзияшавандаи махсус: маводи дорои плутоний-239, изотопҳои америтсий ва/ё нептуний, маводи бо изотопи плутоний-238, бо изотопҳои уран-233, уран-235 ғанӣ гардонидашуда).

5. Доруҳои радиофармасевтӣ, маҷмӯъҳо барои таҳлили иммунологӣ, ҳосилкунандагони (генераторҳои) радиоизотопии таъиноти тиббӣ, пайвастагиҳои бо радионуклидҳо нишонадоршуда, инчунин доруҳо ва маҳлулҳои радиоизотопӣ дар асоси радионуклидҳои кӯтоҳумр бо даври нимкоҳиши то 60 (шаст) шабонарӯз, аз ҷумла йод-125 танҳо дар ташкилотҳои онҳоро истифодабаранда ба ҳисоб гирифта мешаванд ва маълумот оид ба миқдори воридоти солона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.

3. Баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроию манбаъҳои афканишоти иондоркунанда

6. Баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроию манбаъҳои афканишоти иондоркунанда аз ҷониби Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти истифодабаранда тибқи ваколати онҳо амалӣ карда мешавад ва он аз марҳилаи аввали истеҳсол то ба гӯронидани пурраи онҳо бурда мешавад.

7. Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро амалӣ менамояд, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва ё дар зери доираи ҳуқуқи он мебошанд.

8. Бо мақсади амалӣ гардонидани баҳисобгирии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда барои таъмини баҳисобгирии онҳо, назорати мавҷудият ва ҳаракати онҳо, инчунин барои пешгӯии ҷамъшавии онҳо, ҳаҷми хизматрасонӣ, ниёзи корхонаҳои маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар истеҳсолкунанда ба иқтидори истеҳсолӣ ва корхонаҳои махсусгардонидашуда оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар доираи низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар Махзани маълумоти давлатии маводи радиоактивӣ ва Феҳристи давлатии манбаъҳои афканишоти ионофар таъсис дода мешавад.

9. Баҳисобгирии давлатии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда аз ҷониби Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси намунаҳои баҳисобгирии махсус амалӣ карда мешавад.

10. Барои муайянкунии мавҷудияти ҳақиқии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ташкилоти истифодабаранда тафтишот ва барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) ҳарсолаи онҳоро мегузаронад.

11. Баҳисобгирӣ ва назорати давлатии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ба маълумоти баҳисобгирии ибтидоӣ зимни истеҳсол, истифодабарӣ, коркард, истифодаи дуюмкарата, нигоҳдорӣ, кӯчиш ва гӯронидани маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар, ки аз ҷониби ташкилоти истифодабаранда амалӣ мешавад, аз ҷумла баҳисобгирии онҳо зимни убури сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбанд. Пешбурди баҳисобгирии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда аз рӯи миқдор, ҳаҷм, фаъолнокӣ, таркиби радиоизотопӣ, нуқтаҳои (маҳалҳои) ҷойгиршавӣ, нигоҳдорӣ ва гӯронидани онҳо ба роҳ монда мешавад.

12. Баҳисобгирӣ ва назорати давлатии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, ки ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли маълумот, муҳофизати он аз истифодаи берӯхсат ва мубодилаи маълумот бо дигар низомҳои иттилоотиро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд, амалӣ карда мешавад.

13. Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояш корҳои зеринро таъмин менамояд:

- ташкил ва фаъолияти низоми баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

- идоракунии ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумот оид ба баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

- гузаронидани тафтишот оид ба санҷиши вазъи низомҳои баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда дар ташкилоти истифодабаранда;

- ташкили таҳияи дастурамалҳо оид ба пешбурди баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

- ташкил, пешбурд ва сари вақт нав кардани Махзани маълумоти давлатии маводи ядроӣ ва Феҳристи давлатии манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

- пешниҳоди маълумот ба мақомоти давлатӣ дар бораи мавҷудият ва ҳаракати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, инчунин дар бораи воридот ва содироташон тибқи дархости онҳо;

- ҳамкорӣ дар доираи созишнома ва барномаҳои (лоиҳаҳои) байналмилалӣ оид ба масъалаҳои баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда тибқи қонунгузории амалкунанда;

- риояи реҷаи махфияти маълумот дар бораи маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда барои пешгирии бе иҷозат дастрасӣ доштан ба онҳо.

14. Ташкилоти истифодабаранда инро таъмин менамояд:

- баҳисобгирии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, ки дар тавозуни онҳо мебошанд;

- пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мавҷудият, ҷойгиршавӣ, миқдор, ҳаракат, воридот ва содироти маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

- дар мавриди зарурӣ нигоҳдории муносиби муваққатии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

- муҳофизати ҷисмии объектҳо ва анборҳои маводи ядроӣ ва ё манбаъҳои афканишоти иондоркунанда истифода ва нигоҳдошташаванда тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешавад.

15. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 29.08.2023 №396

Приложение Утвержден постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 октября 2013 года, № 449

Порядок организации государственной системы учета и контроля ядерных материалов и источников ионизирующего излучения

Порядок организации государственной системы учета и контроля ядерных материалов и источников ионизирующего излучения (далееПорядок) разработан в соответствии со статьей 15 Закона Республики Таджикистан "Об использовании атомной энергии".

1. Общие положения

1. Данный документ определяет порядок организации государственных систем учета и контроля ядерных материалов и источников ионизирующего излучения, в целях обеспечения режима нераспространения ядерного оружия, снижения вероятности случайного вредного облучения ядерными материалами и источниками ионизирующего излучения или их умышленного применения для нанесения ущерба населению или окружающей среде, а также выполнения требований Соглашения между Республикой Таджикистан и Международным агентством по атомной энергии (МАГАТЭ) о применении гарантий (от 14 декабря 2004 года) в связи с Договором о нераспространении ядерного оружия от 12 июня 1968 года (присоединение Республики Таджикистан: 17 января 1995 года) и его протоколов.

2. Требования настоящего Порядока распространяются на все физические и юридические лица, независимо от форм собственности, ведомственной принадлежности и организационно-правовых форм, осуществляющие деятельность, связанную с обращением ядерных материалов и источников ионизирующего излучения (производство, использование, переработка, транспортировка, хранение, размещение ядерных материалов, радиоактивных веществ и отработанных источников ионизирующего излучения; перемещение через таможенную границу Республики Таджикистан при экспорте и импорте ядерных материалов и источников ионизирующего излучения, осуществление научно-исследовательских работ).

3. Государственный учет и контроль ядерных материалов и источников ионизирующего излучения осуществляются с целью:

- точного определения наличного количества ядерных материалов и источников ионизирующего излучения в пунктах (местах) их нахождения;

- предотвращения потерь, несанкционированного использования и хищений;

- представления оперативной информации о наличии и перемещении, списании и захоронении, экспорте и импорте ядерных материалов и источников ионизирующего излучения уполномоченным органам Республики Таджикистан, а также международным организациям специальных отраслей и государствам в соответствии с международными соглашениями подписавшим Республикой Таджикистан;

- информационного обеспечения уполномоченных органов для разработки и утверждения управленческих нормативно-правовых актов в рамках своих компетенций по обращению с ядерными материалами и источниками ионизирующего излучения в интересах безопасности населения и защиты окружающей среды.

2. Ядерные материалы и источники ионизирующего излучения, подлежащие государственному учету и контролю

4. Государственному учету и контролю подлежат:

- источники ионизирующего излучения (открытые и закрытые радиоактивные источники, количество и активность которых превышают уровень изъятия и устройства генерирующего ионизирующего излучения, энергия излучения которых больше 5 кэВ);

- новые изготовленные источники ионизирующего излучения при поступлении на склад готовой продукции;

- ядерные материалы (исходный материал: материал, содержащий уран и/или торий: и специальный расщепляющий материал: материал, содержащий плутоний-239, изотопы америция и/или нептуния, материалобогащенный изотопом плутония-238, изотопами урана-233, урана-235).

5. Радиофармацевтические препараты, наборы для иммунологического анализа, радиоизотопные генераторы медицинского назначения, соединения, меченные радионуклидами, а также радиоизотопные препараты и растворы на основе короткоживущих радионуклидов с периодом полураспада до 60 (шестидесяти) суток, включая йод-125, учитываются только в организациях, их использующих, а информация по количеству годового поступления в Республику Таджикистан отправляется в Агентство по ядерной и радиационной безопасности при Академии наук Республики Таджикистан.

3. Учет и контроль ядерных материалов и источников ионизирующего излучения

6. Учет и контроль ядерных материалов и источников ионизирующего излучения осуществляется Агентством по ядерной и радиационной безопасности при Академии наук Республики Таджикистан и эксплуатирующей организацией, в соответствии с их компетенцией, и ведется со стадии их начального производства и до окончательного захоронения.

7. Агентство по ядерной и радиационной безопасности при Академии наук Республики Таджикистан также осуществляет контроль ядерных материалов и источников ионизирующего излучения, находящихся на территории Республики Таджикистан или под ее юрисдикцией.

8. С целью осуществления государственной регистрации ядерных материалов и источников ионизирующего излучения для обеспечения их учета, контроля их наличия и перемещения, а также для прогнозирования их накопления, объемов обслуживания, потребностей в производственных мощностях предприятий, производящих источники ионизирующего излучения и специализированных предприятий по обращению с радиоактивными отходами в рамках государственной системы учета и контроля ядерных материалов и источников ионизирующего излучения создается Государственная база данных ядерных материалов и Государственный регистр источников ионизирующего излучения.

9. Государственная регистрация ядерных материалов и источников ионизирующего излучения осуществляется Агентством по ядерной и радиационной безопасности при Академии наук Республики Таджикистан на основе специальных учетных форм.

10. Для определения физического наличия ядерных материалов и источников ионизирующего излучения эксплуатирующая организация проводит ревизию и их ежегодную инвентаризацию.

11. Государственный учет и контроль ядерных материалов и источников ионизирующего излучения основываются на данных первичного учета при производстве, использовании, переработке,. утилизации, хранении, перемещении и захоронении ядерных материалов и источников ионизирующего излучения, осуществляемых эксплуатирующей организацией, включая учет их перемещения через таможенную границу Республики Таджикистан. Учет ядерных материалов и источников ионизирующего излучения ведется по количеству, объему, активности, радионуклидному составу, пунктам (местам) их нахождения, хранения и захоронения.

12. Государственный учет и контроль ядерных материалов и источников ионизирующего излучения осуществляются с использованием информационных технологий, обеспечивающих сбор, обработку и передачу информации, ее защиту от несанкционированного доступа, обмен информацией с другими информационными системами в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан.

13. Агентство по ядерной и радиационной безопасности при Академии наук Республики Таджикистан в рамках своей компетенции обеспечивает:

- создание и функционирование систем учета и контроля ядерных материалов и источников ионизирующего излучения;

- управление сбором и хранением информации по учету и контролю ядерных материалов и источников ионизирующего излучения;

- проведение инспекций по проверке состояния систем учета и контроля ядерных материалов и источников ионизирующего излучения в эксплуатирующей организации:

- организацию разработки инструкций по ведению учета и контроля ядерных материалов и источников ионизирующего излучения;

- ведение и своевременное обновление Базы Государственных данных ядерных материалов и Регистра источников ионизирующего излучения;

- представление государственным органам информации о наличии и перемещении ядерных материалов и источников ионизирующего излучения, а также экспорте и импорте в соответствии с их запросами;

- сотрудничество в рамках международных соглашений и программ (проектов) по вопросам учета ’и контроля ядерных материалов и источников ионизирующего излучения в соответствии с действующим законодательством;

- соблюдение режима конфиденциальности информации о ядерных материалах и источников ионизирующего излучения для предотвращения несанкционированного доступа к ней.

14. Эксплуатирующая организация обеспечивает:

- учет ядерных материалов и источников ионизирующего излучения, находящихся на ее балансе;

- представление Агентству по ядерной и радиационной безопасности при Академии наук Республики Таджикистан достоверных данных о наличии, местонахождении, количестве, перемещении, экспорте и импорте ядерных материалов и источников ионизирующего излучения;

- при необходимости надлежащее временное хранение ядерных материалов и источников ионизирующего излучения;

- физическую защиту объектов и хранилищ, где используются и/или хранятся ядерные материалы и источники ионизирующего излучения, согласно требованиям действующего законодательства Республики Таджикистан.

15. Юридические и физические лица за невыполнение требований настоящего Порядка привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.