ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" (ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷмкистон, соли 1994, № 15-16, моддаи 235) тағйирот ва иловаҳои зайл дохил карда шавад:
1. Аз моддаи 1 калимаҳои "(Қонуни Асосии)" хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 4 калимаҳои "Шӯрои Олии" ба калимаҳои "Маҷлиси Олии" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 5:
бандҳои 5 ва 13 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"5) додани литсензия (иҷозатнома) барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва коркарди ашёи хоми минералӣ";
"13) муайян кардани сиёсати давлатӣ, амалӣ намудани ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи истифода ва муҳофизати сарватҳои зеризаминӣ";
ин модда бо бандҳои 14 ва 15 ба маънои зайл пурра карда шавад:
"14) тасдиқ намудани меъёрҳои пардохт барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
15) қатъъи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар сурати вайронкунии талаботи ин Қонун";
бандҳои 14, 15, 16, 17 ва 18 мувофиқан бандҳои 16, 17, 18, 19 ва 20 ҳисоб карда шаванд.
4. Дар моддаи 6:
Номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:
...