Дастурамал оид ба ташкили баҳисобгирии умумӣ ва инъикоси амалиётҳо вобаста ба саҳмҳои нафақавӣ дар баҳисобгирии муҳосибӣ аз 3 августи соли 2013, № 345

Санаи амалкуни: 21.01.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи № 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2013, № 345

тасдиқ шудааст

Замимаи № 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2013, № 345

тасдиқ шудааст

Дастурамал оид ба ташкили баҳисобгирии умумӣ ва инъикоси амалиётҳо вобаста ба саҳмҳои нафақавӣ дар баҳисобгирии муҳосибӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709, аз 25.01.2017 № 46, аз 30.12.2019 № 658, аз 21.01.2023 № 29)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709, аз 25.01.2017 № 46, аз 30.12.2019 № 658, аз 21.01.2023 № 29)

Боби 1. Ташкил намудани баҳисобгирии умумии андози иҷтимоӣ

1. Дастурамали мазкур қоидаҳои ягонаи ташкили баҳисобгирии умумии саҳмҳои суғуртавӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ, инъикоси амалиётҳо аз рӯи саҳмҳои суғуртавӣ дар баҳисобгирии муҳосибӣ, таркиб ва мундариҷаи ҳисоботҳои молиявӣ, тартиб, мӯҳлат ва даврияти пешниҳоди он, инчунин андозаи саҳмҳои суғуртавиро бо намудҳои суғуртаи иҷтимоӣ муқаррар менамояд.

2. Муқаррароти Дастурамали мазкур ба ҳамаи корфармоёне, ки дар системаи суғуртаи давлатии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, дахл дорад.

3. Барои мақсадҳои Дастурамали мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- баҳисобгирии умумии андози иҷтимоӣ - маҷмӯи усулҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, ки аз ҷониби суғуртакунанда қабул гардидааст (назорати аввалия, ченаки арзишӣ, гурӯҳбандии ҷорӣ ва ҷамъбасти хотимавии далелҳои ҳисобӣ намудани музди меҳнат ва саҳмҳои суғуртавӣ);

- захира кардани маблағҳои пулӣ - раванди тадриҷан пасандоз кардани маблағҳои пулӣ аз ҷониби муассисаи суғурта, ки бо мақсади суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба суратҳисобҳои бонкии муассисаи суғурта ворид гардидаанд;

...

Приложение №2

утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 августа 2013 года, №345

Приложение №2

утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 августа 2013 года, №345

Инструкция об организации общего учета и отражения операций по пенсионным взносам в бухгалтерском учете

(в редакции постановления Правительства РТ от 05.11.2014г. № 709, от 25.01.2017г.№46, от 30.12.2019г.№658, от 21.01.2023 №29)

(в редакции постановления Правительства РТ от 05.11.2014г. № 709, от 25.01.2017г.№46, от 30.12.2019г.№658, от 21.01.2023 №29)

Раздел 1. Организация общего учёта социального налога

1. Настоящая Инструкция устанавливает единые правила организации общего учета страховых взносов в структуре социального налога, отражения операций по страховым взносам в бухгалтерском учете, состав и содержание финансовой отчетности, порядок, сроки и периодичность ее представления, а также размеры (пропорции) страховых взносов по видам социального страхования.

2. Положения настоящей Инструкции распространяется на всех работодателей, зарегистрированных в системе государственного социального страхования Республики Таджикистан, независимо от формы собственности.

3. Для целей настоящей Инструкции используются следующие понятия:

- общий учет социального налога,- принятая страхователями совокупность способов ведения бухгалтерского учета (первичное наблюдение, стоимостное измерение, текущая группировка и итоговое обобщение фактов начисления заработной платы и страховых взносов);

- аккумуляция денежных средств - процесс постепенного накопления страховщиком денежных средств, поступающих на банковские счета страховщика для целей обязательного пенсионного страхования;

...