ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №24, мод. 408; с. 1998, №10, мод. 76; с. 1999, №6, мод. 166; с. 2000, №11, мод. 521; с. 2001, №7 мод. 481; с. 2004, №2, мод. 39; с. 2006, №4, мод. 197) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Бобҳои Қонун бо ҳарфҳои калон ва рақамҳои арабӣ ифода карда шуда, пас аз рақами бобҳо аломати нуқта гузошта шавад.
3. Дар моддаи 1:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ";
- дар матни модда калимаи "истилоҳоти" ба калимаҳои "мафҳумҳои асосии" иваз карда шавад;
- дар сархатҳои дуюм, сеюм, панҷум ва ҳаштум калимаҳои "паҳн" ва "паҳнкунии" мувофиқан ба калимаҳои "пахш" ва "пахшкунии" иваз карда шаванд.
4. Моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
5. Дар матни моддаи 5(1), матни моддаи 13, қисми якуми моддаи 16, қисми дуюми моддаи 17, қисми якуми моддаи 18, қисми дуюми моддаи 27 ва қисми якуми моддаи 34 калимаҳои "Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро" мувофиқан ба калимаҳои "Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд.
6. Дар қисми якуми моддаи 6 калимаҳои "созмонҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандони алоҳида" ба калимаҳои "иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ" иваз карда шаванд.
...