ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИИ АҲОЛӢ"
Моддаи 1. Моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №12, мод.677; с.2008, №10, мод.822; №12, қ.2, мод.1015; с.2011, №12, мод.857) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 48. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Ба зиммаи сардори раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ӯҳдадории муовини сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
22 июли соли 2013, № 1010
ш.Душанбе,
22 июли соли 2013, № 1010
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ"
...