ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ КӯҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829)
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ин минтақаҳо, нигоҳ доштан, самарабахш ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ равона шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдминтақаҳои кӯҳӣ) - ҳудудҳое, ки дорои хусусиятҳои хоси табиӣ (баландиҳои табиии минтақавӣ) буда, ба ташаккули экосистемаҳо, тарзи ҳаёт ва пешбурди фаъолияти хоҷагидории аҳолии дар ин ҳудудҳо истиқоматкунанда таъсир мерасонанд ;
- иртифоъсанҷӣ (гипсометрия) - чен кардани баландии минтақаҳои кӯҳӣ;
- баландиҳои табиии минтақавӣ - тағйирёбии мунтазами шароитҳо ва ландшафтҳои табиӣ, ки бинобар тағйирёбии иқлим ва баландии сатҳи баҳр, бо пайдоиши минтақаҳои табиии кӯҳии миёна, баланд ва баландтар ба амал омадааст ;
- ҳифзи минтақаҳои кӯҳӣ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва тарзи зиндагии анъанавии аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ равона шудаанд ;
- танзими давлатии рушди минтақаҳои кӯҳӣ - низоми идоракунии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки самтҳои асосӣ ва муҳими рушди минтақаҳои кӯҳиро муайян менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
...