Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, № 983 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815; мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159; №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259; №7, мод. 714; №8, мод. 815; №12, мод. 1020; мод. 1025), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 2 моддаи 159 калимаҳои "ба истиснои парвандаҳои дар қисмҳои 7 ва 8 моддаи 161 Кодекси мазкур пешбинишуда" ба калимаҳои "мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 161, 168 ва 169 Кодекси мазкур" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 161:

- ба қисми 3 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ки бо тафтиши парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар ҳамин қисм ва қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида алоқаманд мебошанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти прокуратура гузаронида мешавад.";

- ба қисми 12 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Агар дар рафти фаъолияти мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва назорати маводи нашъаовар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор шаванд, прокурор ҳуқуқ дорад оид ба тафтиши онҳо гурӯҳҳои тафтишотӣ - оперативӣ таъсис дода, тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятиро ба зиммаи ҳамин мақомот супорад.".

3. Дар сархати нуздаҳуми қисми 1 моддаи 168 пас аз калимаи "парвандаро" калимаҳои "бо ҳатман нишон додани асос тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 161 Кодекси мазкур" илова карда шуда, калимаҳои "бо риояи қоидаҳои тобеияти тафтишӣ" ва ", ба истиснои парванда оид ба ҷинояти хусусияти коррупсионидошта" хориҷ карда шаванд.

4. Ба моддаи 169 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Прокурор оид ба пешбурди тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, новобаста аз тобеияти тафтишотии онҳо, гурӯҳҳои тафтишотӣ - оперативӣ таъсис дода, тафтиши парвандаро ба зиммаи мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, мақоми махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ё назорати маводи нашъаовар месупорад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

22 июли соли 2013, № 983

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                А. Миралиев

ш. Душанбе, 19 июни соли 2013, № 1227

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 515