Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, № 1007 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИЛМ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод.94; с. 2004, №5, мод.336; с.2007, №7, мод. 697; с. 2008, №12, қ.2, мод.1011) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.

2. Сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд.

3. Дар моддаи 2:

- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:";

- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- фаъолияти илмӣ (фаъолияти илмию таҳқиқотӣ) - фаъолиятест, ки баҳри аз худ кардан ва татбиқ намудани донишҳои нав, аз ҷумла таҳқиқотҳои илмии бунёдӣ ва амалӣ равона карда шудааст;";

- дар сархатҳои сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳум аломати нуқта ва калимаҳои "Фаъолияти", "Коркардҳои", "Сиёсати", "Натиҷаи", "Маҳсули", ва "Грантҳо" мувофиқан ба аломати нуқтавергул ";" ва калимаҳои "фаъолияти", "коркардҳои", "сиёсати", "натиҷаи", "маҳсули" ва "грантҳо" иваз карда шаванд;

- сархати даҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти асосии онҳо ба дарёфт, кашф ва истифодаи дастовардҳои нави илмӣ ва илмию техникӣ равона карда шудааст.".

4. Дар қисми дуюми моддаи 3:

- дар сархати шашум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

...

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О НАУКЕ И ГОСУДАРСТВЕННОЙ НАУЧНО-ТЕХНИЧЕСКОЙ ПОЛИТИКЕ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года "О науке и государственной научно-технической политике" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., №10, ст. 94; 2004 г., № 5, ст.336; 2007 г., №7, ст. 697; 2008 г., №12, ч. 25 ст. 1011) следующие изменения и дополнения:

1. Название Закона писать прописными буквами.

2. Абзацы обозначить знаком дефис "-".

3. В статье 2:

- часть первую изложить в следующей редакции:

"Основные понятия, используемые в настоящем Законе:";

- абзац первый изложить в следующей редакции:

"- научная деятельность (научно-исследовательская деятельность)деятельность, направленная на освоение и претворение новых знаний, в том числе фундаментальных и прикладных научных исследований;";

- в абзацах третьем, четвертом, пятом, шестом, седьмом, восьмом и девятом знак точки и слова "Научная", "Научно-техническая", "Экспериментальные", "Государственная", "Научный", "Научная" и "Гранты" соответственно заменить знаком точки с запятой ";" и словами "научная", "научно-техническая", "экспериментальные", "государственная", "научный", "научная" и "гранты";

- дополнить абзацем десятым следующего содержания:

"- субъекты научной и научно-технической деятельностифизические и юридические лица, основная деятельность которых связана с открытиями, исследованиями и применением новых научных и научно-технических достижений.".

4. В части второй статьи 3:

...