×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, № 992 "Дар бораи гаравхона (ломбард)"

Санаи амалкуни: 24.12.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ГАРАВХОНА

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 520; с.2014, №11, мод.662)

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1153, аз 04.07.2020 № 1713, аз 24.12.2022 № 1945, аз 11.02.2025 № 2155)

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1153, аз 04.07.2020 № 1713, аз 24.12.2022 № 1945, аз 11.02.2025 № 2155)

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945)

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолияти гаравхона оид ба додани қарзи кутоҳмуҳлат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандонро танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945аз 11.02.2025 № 2155).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- гаравхона - шахси ҳуқуқӣ (ташкилоти махсусгардонидашуда), ки ба додани қарзи кутоҳмуҳлат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандон машғул аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945аз 11.02.2025 № 2155);

- ҳудуди гаравхона - ҳудуди махсуси таҳти муҳофизат қарордоштаи бинои асосӣ, ки барои қабули молгузорон, додани қарзи кутоҳмуҳлат, нигаҳ доштани ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, пули нақд, молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда таъин гардидааст (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2155);

- молу мулки хурдҳаҷм - маснуоти заргариву ҷавоҳирот ва ҳамчунин дигар молу мулки манқул, ки дар сандуқҳои (сейфҳои) насӯзандаи дар ҳудуди гаравхона ҷойгиркардашуда нигаҳ дошта мешаванд;

- молу мулки калонҳаҷм - молу мулки манқул, ки дар ҳудуди гаравхона нигаҳ дошта мешавад;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ЛОМБАРДАХ

(в редакции Закона РТ от 27.11.2014г.№1153, от 04.07.2020г.№1713, от 24.12.2022 №1945, от 11.02.2025 №2155)

(в редакции Закона РТ от 27.11.2014г.№1153, от 04.07.2020г.№1713, от 24.12.2022 №1945, от 11.02.2025 №2155)

Настоящий Закон регулирует общественные отношения, связанные с ломбардной деятельностью, по предоставлению краткосрочных кредитов взамен находящегося под залогом движимого имущества, а также хранению движимого имущества граждан.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- ломбард - юридическое лицо (специализированная организация), занятое предоставлением краткосрочных кредитов взамен находящегося под залогом движимого имущества граждан, а также хранением движимого имущества граждан;

- территория ломбарда - охраняемая специализированная территория основного помещения, предназначенного для приёма поклажедателей, предоставления краткосрочных займов, хранения документов кредитования, наличных денег, заложенного имущества и сданного на хранение имущества;

- малогабаритное имущество - ювелирные изделия, а также другое движимое имущество, которое хранится в несгораемых сейфах ломбарда, установленных на территории ломбарда;

- крупногабаритное имущество - движимое имущество, которое хранится на территории ломбарда;

- предмет залога в ломбардах - движимое имущество, не изъятое из оборота, а также движимое имущество, оборот которого законодательством Республики Таджикистан не ограничен (в редакции Закона РТ от 04.07.2020г.№1713).

- документы кредитования и хранения - договор займа, договор хранения, залоговый билет, именная сохранная квитанция, а также другие документы, установленные настоящим Законом и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан;

- договор займа - договор между ломбардом и поклажедателем на определенный срок с выдачей залогового билета;

...