Низомномаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз 2 июли соли 2013, № 290

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2013, №290

 тасдиқ шудааст

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2013, №290

 тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ (минбаъд - Низомнома) расмиёти фаъолияти Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусиро (минбаъд - Шӯро) муқаррар ва танзим менамояд.

2. Шӯро мақоми мушовара дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" таъсис дода шудааст.

3. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

2. Ташкили фаъолияти Шӯро

4. Ҳуқуқ ва вазифаҳои асосии Шӯро оид ба лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, расмиёти интихоби тендерӣ, созишнома оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва ҳалли баҳсҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" танзим карда мешаванд.

5. Ҷаласаҳои Шӯро тибқи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешаванд. Ҷой ва вақти гузаронидани ҷаласаҳо аз ҷониби раиси Шӯро муайян карда мешавад.

6. Маҷлиси Шӯро вақте салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар он на камтар аз 5 аъзои ҳайати он иштирок намоянд.

...

Приложение 2

утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 июля 2013 года, № 290

Приложение 2

утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 июля 2013 года, № 290

Положение о Совете по государственно-частному партнерству

1. Общие положения

1. Положение о Совете по государственно-частному партнерству (далее - Положение) устанавливает и регулирует процесс деятельности Совета по государственно-частному партнерству.

2. Совет является совещательным органом при Правительстве Республики Таджикистан образовано в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственно-частном партнёрстве" для рассмотрения и решения задач государственно-частного партнерства.

3. Совет в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О государственно-частном партнерстве" и другими нормативными правовыми актами, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и Положением.

2. Организация деятельности Совета

4. Основные права и обязанности Совета по проектам государственно-частного партнерства, процедуры тендерного выбора, соглашений о государственно-частном партнерстве и разрешение споров регулируются в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственно-частном партнерстве".

5. Заседания Совета проводятся по необходимости, но не реже одного раза в три месяца. Место и время проведения заседаний устанавливается Председателем Совета.

6. Заседание Совета считается компетентным, если на нем участвует не менее 5 из его членов.

...