Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2013, № 966 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод.3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258; №7, мод. 694), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 2 моддаи 23, банди л) қисми 1 моддаи 62, банди г) қисми 2 моддаи 130, банди г) қисми 2 моддаи 131, банди д) қисми 3 моддаи 138, қисми 1 ва банди б) қисми 3 моддаи 179 ва қисми 1 моддаи 179(1) калимаҳои "яроқ", "яроқи" ва "яроқнок" мутобиқан ба калимаҳои "силоҳ", "силоҳи" ва "мусаллаҳ" иваз карда шаванд.

2. Ба диспозитсияи қисми 1 моддаи 179(2) пас аз калимаҳои "истифодаи онҳо" калимаҳои "барои таъминоти молиявии террорист ё ташкилоти террористӣ" илова карда шаванд.

3. Дар моддаи 180:

- матни модда қисми 1 ҳисобида шавад;

- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарар ба саломатӣ ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.".

4. Дар банди г) қисми 2 моддаи 181, банди г) қисми 2 моддаи 182, банди в) қисми 2 моддаи 183, банди г) қисми 3 моддаи 184 ва банди г) қисми 5 моддаи 184(1) калимаи "яроқ" ба калимаи "силоҳ" иваз карда шавад.

5. Дар қисми 4 моддаи 184(2):

- ба банди б) пас аз калимаҳои "бо маслиҳати пешакӣ" калимаҳои "ё гурӯҳи муташаккил" илова карда шаванд;

- банди г) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд;";

- банди г) банди д) ҳисобида шуда, дар он калимаи "яроқ" ба калимаи "силоҳ" иваз карда шавад.

6. Дар қисми 4 моддаи 184(3):

- ба банди б) пас аз калимаҳои "бо маслиҳати пешакӣ" калимаҳои "ё гурӯҳи муташаккил" илова карда шаванд;

- банди г) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд;";

- банди г) банди д) ҳисобида шуда, дар он калимаи "яроқ" ба калимаи "силоҳ" иваз карда шавад.

7. Дар эзоҳи моддаи 185, қисми 1 моддаи 188, ном ва бандҳои б), г) қисми 1 моддаи 194(4), ном ва қисми 1 моддаи 194(5), ном, қисмҳои 1, 3, 4 ва эзоҳи моддаи 195, эзоҳи моддаи 195(1), ном ва қисмҳои 1, 4 моддаи 196, ном ва матни моддаи 197, ном ва қисмҳои 1, 2 моддаи 198, ном ва қисмҳои 1, 2 моддаи 199, банди а) қисми 3 моддаи 237, банди в) қисми 4 моддаи 249 ва банди в) қисми 4 моддаи 250 калимаҳои "яроқашро", "яроқи", "яроқ", "яроқи ҳамвормили шикорӣ" ва "Яроқи" мутобиқан ба калимаҳои "силоҳашро", "силоҳи", "силоҳ", "силоҳи суфтамили шикорӣ" ва "Силоҳи" иваз карда шаванд.

8. Дар моддаи 262:

- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рӯйпӯш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк ва ё мусоидат намудан ба ҳар гуна шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят иштирок намудааст, то ки ӯ тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рӯйпӯш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, ҳамчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории чунин молу мулк,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.";

- дар банди 2) эзоҳ калимаҳои "маблағҳои пулӣ ё арзиши молу мулке" ба калимаҳои "даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардае" иваз карда шаванд;

- банди 3) эзоҳ хориҷ карда шавад;

- ба эзоҳ бандҳои 3), 4), 5), 6) ва 7) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"3) Даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - ҳама гуна молу мулке, ки бевосита ё бавосита дар натиҷаи содир намудани ҷиноят ба даст оварда шудаанд.

4) Агар даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда қисман ё пурра ба дигар молу мулк табдил дода шуда бошанд ё ба шакли дигар гардонида шуда бошанд, он гоҳ чунин молу мулк мусодира карда мешавад.

5) Агар даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба молу мулки аз сарчашмаҳои қонуни гирифташуда ҳамроҳ карда шуда бошанд, он гоҳ бе расонидани зарар ба ҳар гуна ваколатҳои марбут ба манъ ё ҳабси он қисми молу мулк, ки ба арзиши даромадҳои ҳамроҳшуда мувофиқ меояд, мусодира карда мешавад.

6) Нисбат ба фоида ё дигар манфиатҳое, ки аз даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда аз молу мулке, ки даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба он табдил дода шудаанд ё ба шакли дигар гардонида шудаанд ё аз молу мулке, ки ба он даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ҳамроҳ карда шудаанд, гирифта шудаанд, чораҳои дар моддаи мазкур зикршуда бо ҳамон тарз ва дараҷае, ки нисбат ба даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда мешаванд.

7) Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва дигар молу мулке, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, инчунин фоида ё дигар манфиатҳое, ки аз ин даромадҳо ба даст оварда шудаанд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 78 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.".

9. Дар қисми 2 моддаи 289, банди а) қисми 2 моддаи 297, банди б) қисми 3 моддаи 316, ном ва матни моддаи 326, банди в) қисми 2 моддаи 365, банди б) қисми 2 моддаи 369, банди б) қисми 2 моддаи 370, банди

г) қисми 2 моддаи 373, қисми 3 моддаи 375, ном ва матни моддаи 382, ном ва матни моддаи 384, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 386, ном ва қисми 1 моддаи 387, қисми 2 моддаи 388, ном ва қисми 1 моддаи 393, ном ва матни моддаи 397, матни моддаи 399 ва матни моддаи 405 калимаҳои "яроқи", "яроқ", "яроқе" ва "сариштакунии яроқ" мутобиқан ба калимаҳои "силоҳи", "силоҳ", "силоҳе" ва "нигоҳдории силоҳ" иваз карда шаванд.

10. Қисми 3 моддаи 402 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар:

а) бо ҳуҷуми мусаллаҳона;

б) аз тарафи гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад;

в) боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

13 июни соли № 966

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе

20 марти соли 2013, № 1107

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   М.Убайдуллоев

ш. Душанбе,

12 июни соли 2013 № 495

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., №9, ст. 68; ст. 69; №22, ст. 306; 1999 г., №12, ст. 316; 2001 г., №4, ст. 149; ст. 167; 2002 г., №11, ст. 675; ст. 750; 2003 г., №8, ст. 456; ст. 468; 2004 г., №5, ст. 346; №7, ст. 452; ст. 453; 2005 г., №3, ст. 126; №7, ст. 399; №12, ст. 640; 2007 г., №7, ст. 665; 2008 г., №1, ч. 1, ст. 3; №6, ст. 444; ст. 447; №10, ст. 803; №12, ч. 1, ст. 986; №12, ч. 2, ст. 992; 2009 г., №3, ст. 80; №7-8, ст. 501; 2010 г., №3, ст. 155; №7, ст. 550; 2011 г., №3, ст. 161; №7-8, ст. 605; 2012 г., №4, ст. 258; №7, ст. 694), следующие изменения и дополнения:

1. Диспозицию части 1 статьи 179(2) после слов "с целью" дополнить словами "финансового обеспечения террориста или террористической организации".

2. В статье 180:

- текст статьи считать частью 1;

- дополнить частью 2 следующего содержания:

"2) Деяния, предусмотренные частью первой настоящей статьи повлекшие по неосторожности причинение вреда здоровью человека либо повлекшие иные тяжкие последствия,

- наказываются лишением свободы на срок от трех до семи лет".

3. В части 4 статьи 184(2):

- пункт б) после слов "по предварительному сговору" дополнить словами "или организованной группой";

- дополнить пунктом г) следующего содержания:

"г) повлекшие по неосторожности смерть человека или иные тяжкие последствия;";

- пункт г) считать пунктом д).

4. В части 4 статьи 184(3):

- пункт б) после слов "по предварительному сговору" дополнить словами"или организованной группой";

- дополнить пунктом г) следуюшего содержания:

"г) повлекшие по неосторожности смерть человека или иные тяжкие последствия;";

- пункт г) считать пунктом д).

5. В статье 262:

- часть 1) изложить в следующей редакции:

"1) Совершение финансовых операций или иных сделок с денежными средствами, ценными бумагами или иным имуществом, если заведомо известно, что такое имущество представляет собой доходы полученные преступным путем, в целях сокрытия или утаивания источника получения этого имущества или в целях оказания помощи любому лицу, участвующему в совершении преступления с тем, чтобы оно могло уклониться от ответственности за свои деяния, а также сокрытие или утаивание подлинного характера, местонахождения, способа распоряжения, перемещения, прав на имущество или его принадлежность, а также приобретение, владение, использование такого имущества или распоряжение им,

наказывается штрафом в размере от двухсот пятидесяти до трехсот шестидесяти пяти показателей для расчетов или лишением свободы на срок до двух лет с лишением права занимать определенные должности или заниматься определенной деятельностью на тот же срок.";

- в пункте 2) примечания слова "денежных средств или стоимость имущества" заменить словами "доходы, полученные преступным путем";

- пункт 3) примечания исключить;

- примечание дополнить пунктами 3), 4), 5), 6) и 7) следующего содержания:

"3) Доходы, полученные преступным путем - любое имущество, приобретенное или полученное, прямо или косвенно, в результате совершения преступления.

4) Если доходы, полученные преступным путем, были превращены или преобразованы частично или полностью в другое имущество, то указанное имущество подлежит конфискации.

5) Если доходы, полученные преступным путем, были приобщены к имуществу, приобретенному из законных источников, то конфискации, без ущерба для любых полномочий, касающихся замораживания или ареста, подлежит та часть имущества, которая соответствует оцененной стоимости приобщенных доходов.

6) К прибыли или другим выгодам, которые получены от доходов, полученных преступным путем, от имущества, в которое были превращены или преобразованы доходы, полученные преступным путем, или от имущества, к которому были приобщены доходы, полученные преступным путем, применяются меры, указанные в настоящей статье, таким же образом и в той же степени, как и в отношении доходов, полученных преступным путем.

7) Денежные средства, ценные бумаги и другое имущество, полученные преступным путем, а также прибыль и другие выгоды, полученные из этих доходов, подлежат конфискации в порядке, предусмотренном статьей 78 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан.".

6. Часть 3) статьи 402 изложить в следующей редакции:

"3) Деяния, предусмотренные частью первой настоящей статьи, совершенные:

а) вооруженным нападением;

б) организованной группой;

в) повлекшие смерть человека или иные тяжкие последствия,наказываются лишением свободы на срок от двенадцати до двадцати лет.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 13 июня 2013 года, № 966

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                        Ш. Зухуров

г. Душанбе, 20 марта 2013 года, №1107

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                      М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 12 июня 2013 года, №495