Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2013, № 970 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 "Дар бораи нотариати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 260) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 5 қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"6. Санҷиши фаъолияти нотариалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар якҷоягӣ бо намояндагони мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм гузаронида мешавад.".

2. Ба қисми 3 моддаи 10 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида;".

3. Ба қисми 1 моддаи 28 сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳанок ва амалиёти ба маблағи баробар ба 500 000 сомонӣ ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 500 000 сомонӣ ё зиёда аз он ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар диҳад;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 13 июни соли 2013 № 970

ш. Душанбе, 13 июни соли 2013 № 970

...

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ НОТАРИАТЕ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 16 апреля 2012 года "О государственном нотариате" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №4, ст.260) следующие дополнения:

1. Статью 5 дополнить частью 6 следующего содержания:

"6. Проверка нотариальной деятельности в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма проводится совместно с представителями уполномоченного органа по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма.".

2. Часть 3 статьи 10 дополнить абзацем третьим следующего содержания:

"- уполномоченному органу по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма в случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан;".

3. Часть 1 статьи 28 дополнить абзацем седьмым следующего содержания:

"- информировать уполномоченный орган по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма о всех подозрительных сделках и операциях и операциях на сумму, эквивалентную 500 000 сомони и выше или в иностранной валюте на сумму, эквивалентную 500 000 сомони и выше;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

13 июня 2013 года, № 970

...