Фармоиши Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2012, № 1/121 "Дар бораи тасдиқ намудани Меъёрҳо ва қоидаҳо МҚ 01.001-12 "Талаботҳо оид ба таъмини муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдорӣ ва моддаҳои радиоактивӣ" дар таҳрири нав"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо фармоиши директори Агентӣ аз 05.06.2025 № 62 аз эътибор соқит дониста шуд

Дар Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 ноябри соли 2012

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 601 "а"

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ф А Р М О И Ш

Дар бораи тасдиқ намудани Меъёрҳо ва қоидаҳо МҚ 01.001-12 "Талаботҳо оид ба таъмини муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдорӣ ва моддаҳои радиоактивӣ" дар таҳрири нав

Дар асоси моддаҳои 6 ва 21 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ" ва моддаҳои 7 ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ"

Ф А Р М О И Ш       М Е Д И Ҳ А М :

1. Меъёрҳо ва қоидаҳо МҚ 01.001-12 "Талаботҳо оид ба таъмини муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ" дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад.

2. Фармоиши мазкур ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

3. Фармоиши мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва нашри расмӣ дар амал ҷорӣ карда шавад.

4. Назорати иҷрои Фармоиши мазкур ба зиммаи муовини директор - Саломов Ҷ.А. вогузор карда шавад.

5. Меъёрҳо ва қоидаҳо МҚ 01.001-11 "Талаботҳо оид ба таъмини муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдорӣ ва моддаҳои радиоактивӣ", ки бо фармоиши Директори Агентии амниятиядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2011, таҳти №1/017 тасдиқ гардидааст ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 феврали соли 2011, таҳти №601 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

Директор                                               ӯ. Мирсаидов

аз 24 августи соли 2012 №1/121 ш. Душанбе

"Тасдиқ шудааст"

бо фармоиши директори

Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 августи соли 2012, №1/121

МЕЪЁРҲО ВА ҚОИДАҲО

МҚ 01.001-12

Талаботҳо оид ба таъмини муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ

Меъёрҳо ва қоидаҳои мазкур оид ба таъмини муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ (дар оянда- Талаботҳо) дар асоси моддаҳои 6 ва 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ" ва моддаҳои 7 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ" таҳия гардидаанд ва тартиби таъмин намудани муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивиро муайян менамоянд. Дар таҳияи меъёр ва қоидаҳои мазкур ҳуҷҷатҳои зайл истифода шудаанд:

а) "Қоидаҳои таъминоти бехатарии радиатсионӣ", Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 2\126 аз 02.06.2008);

б) "Кодекси рафтор оид ба таъмини бехатарӣ ва муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиоактив", АБЭА, соли 2004;

в) Силсилаи нашриёти АБЭА оид ба бехатарии ядроӣ, № 11;

г) Бехатарии манбаҳои радиоактивӣ, АБЭА- TECDOC-1355;

д) "Категорияҳои манбаъҳои радиоактивӣ" RS-G 1.9 АБЭА-TECDOC-1191;

е) Тавсияҳо оид ба бехатарии ҷисмии ядроии ба маводҳои радиоактивӣ тааллуқдошта ва дастгоҳҳои ба онҳо вобаста, № 14, АБЭА, соли 2011;

ё) Тавсияҳо оид ба бехатарии ҷисмии ядроии ба маводҳои радиоактивӣ ва ядроии берун аз назорати танзими буда, тааллуқдошта, № 15, АБЭА, соли 2011.

1. Муқаррароти умумӣ

1. Меъёр ва қоидаҳои мазкур муқаррар мекунанд:

а) истилоҳот ва таърифҳо, ки ба муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ тааллуқ доранд;

б) мақсади муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

в) талабот ба таъмин намудани муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) талабот ба таъмин намудани муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ ва маводҳои радиоактвӣ дар мавриди ҳамлу нақл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) талабот ба ҳифзи иттилоот оид ба манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ ва пешниҳод намудани иттилоот оид ба воқеаҳои бо манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ вобаста.

2. Мақсади муҳофизати ҷисмии маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводҳои радиоактивӣ дошта чунин аст:

- пешгирӣ намудани диверсия ва дигар ниятҳои бадхоҳонаи бо маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводҳои радиоактивӣ дошта вобаста, ё дуздӣ ва истифодабариҳои дигари беиҷозатии маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводҳои радиоактивӣ дошта: - пешгирӣ намудани дастрасии беиҷозат ба минтақаи назоратшаванда; - саривақт маълум ва пешгирӣ намудани фаъолияти беиҷозат; - пешгирӣ намудани воридшавии вайронкунандагон ба минтақаи назоратшаванда.

3. Меъёрҳо ва қоидаҳои мазкур ба таъмин намудани муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигоҳдории моддаҳои радиоактивӣ дар ҳамаи марҳилаҳои банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарӣ ва азистифодабарорӣ, инчунин дар мавриди муомилот бо моддаҳои радиоактивӣ татбиқ мегарданд.

4. Меъёр ва қоидаҳои мазкур ба таъмин намудани муҳофизати ҷисмии:

а) маҷмӯи дастгоҳҳо, асбобҳо, таҷҳизот ва маснуоти ба дастгоҳҳои ядроӣ мансуб набуда, ки дар онҳо афканишоти ионофар бавуҷуд оварда мешаванд;

б) маҳфузгоҳҳои партовҳои саноати урании радионуклидҳо ва маводҳои ядроӣ дошта, ки истифодабарии минбаъдаашон пешбинӣ нашудааст,

в) ҳудуди бо радионуклидҳо олудашуда;

г) доруҳои радиофармасевтӣ ва маҷмӯи реагентҳо барои тадқиқоти иммунологӣ;

д) маҳсулот ва молҳои радионуклид дошта, ки ба онҳо хулосаи санитарию эпидемиологии хадамоти давлатии назоратии санитарию эпидемиологӣ дар хусуси аз қиматҳои дар банди 1.4-и Меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ (МБР-2006) овардашуда зиёд нашуда дозаҳои ба вуҷудоварандаи онҳо мавҷуд аст;

е) маводҳои ядроӣ, дастгоҳҳои ядроӣ дар мавриди ҳамлу нақл;

ё) маводҳои ядроӣ, дастгоҳҳои ядроӣ, манъбаҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигоҳдорӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, ки дар ихтиёри Вазорати мудофиаи ҶТ мебошанд;

ж) манбаъҳои радиатсионӣ ва моддаҳои радиоактивӣ дар мавридҳое, ки агар ҳангоми истифодабарии онҳо: - дар ҷои корӣ фаъолнокии хоси радионуклид аз фаъолнокии хоси аҳамиятдори хурдтарин кам аст, ё фаъолнокии радионуклид дар манбаъҳои радиатсионии кушод аз фаъолнокии хоси аҳамиятдори хурдтарини дар ҷадвали замимаи З-4-и МБР-2006 овардашуда камтар аст ё суммаи нисбатҳои фаъолнокии радионуклидҳои алоҳида бар қиматҳои фаъолнокии хоси аҳамиятноки хурдтарини дар ҳамон ҷадвал овардашудаи онҳо аз 1 кам мебошад; - дар ташкилоти истифодабаранда, дар корхона фаъолнокии умумии радионуклид дар манбаъҳои радиатсионии кушод аз қимати 10 каратаи фаъолнокии аҳамиятноки хурдтарин ё аз суммаи нисбатҳои фаъолнокии радионуклидҳои алоҳида бар қиматҳои фаъолнокии аҳамиятноки хурдарини дар замимаи З-4 МБР-2006 овардашуда зиёдтар нест; дахолат намекунанд.

5. Ташкилоти истифодабаранда ва ташкилоту корхонаҳо, ки дар ихтиёрашон нуқтаҳои нигаҳдорӣ, манбаҳои радиатсионӣ ва моддаҳои радиоактивӣ қарор доранд, инчунин борфиристанда ва ё боргиранда бояд муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ, ки сатҳашон аз талаботҳои мазкур кам нест, таъмин намоянд.

2. Мафҳумҳои асосӣ

6. Мафҳумҳои асосие, ки дар меъёрҳо ва қоидаҳои мазкур истифода шудаанд:

- муҳофизати ҷисмӣ - маҷмӯаи чорабиниҳои маъмурӣ, техникӣ, ҳифзиҳуқуқӣ, ки муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивиро аз дастрасии тасодуфӣ ё ғайриқонунӣ, диверсия, гумшавӣ, дуздӣ, ғайриқонунӣ истифода бурдан ё ба касе доданро таъмин менамоянд;

- диверсия - ҳама гуна фаъолияти ғаразнок нисбати нуқтаҳои нигоҳдорӣ, манбаъҳои радиатсионӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва ё воситаҳои нақлиётии манбаъҳои радиатсионӣ ва моддаҳои радиоактивтиро ҳамлу нақлкунанда, ки қобилияти бевосита ё бавосита ба ҳолатҳои садамавӣ овардан дорад ва дар натиҷаи таъсири радиатсия ба саломатӣ ё ҳаёти инсон хатар эҷод мекунад ё ба ифлосшавии радиатсионии муҳити атроф оварда мерасонад;

- марзҳои бо радионуклидҳо ифлосшуда - марзҳо (замин ва обанборҳо дар минтақаҳои саноатӣ, санитарӣмуҳофизатӣ ва минтақаҳои назоратӣ)-и объектҳои истифодабарии энергияи атомӣ, ки дар он моддаҳои радиоактивӣ ба миқдори аз қимати минималии дар меъёр ва қоидаҳои муқарраршудаи соҳаи истифодабарии энергияи атомӣ зиёд буда, қобилияти ба шуоъхӯрӣ овардан доранд;

- нуқтаи назоратию рухсатӣ - ҷои махсус ҷиҳозонидашуда, ки аз тариқи он тибқи қоидаҳои гузарониш, реҷаи даромадану баромад амалӣ карда мешавад;

- вайронкор - шахсе ки амалҳои ғайриқонунӣ содир кардааст ё кӯшиши содир кардани онҳоро дорад, инчунин шахсе, ки ба ӯ дар ин амал мусоидат мекунад;

- амали беиҷозат - содир кардан ё кӯшиши содир кардани диверсия, ғорати маводҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ, моддаҳои радиоактивӣ, партовҳои радиоактивӣ, дастрасии беиҷозат, гузаронидани чизҳои манъшуда, аз кор баровардани воситаҳои системаи муҳофизати ҷисмӣ;

- дастрасии беиҷозат - ба минтақаҳо, биноҳо, иншоотҳо, ҳуҷраҳои посбонишаванда ва ё ба қисми боркунии воситаҳои нақлиётӣ, ки манбаъҳои радиатсионӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивиро ҳамлу нақл мекунанд, ворид шудани шахсоне, ки ҳуқуқи ба ин ҷойҳо ворид шуданро надоранд;

- номгӯи хатарҳо - ҳуҷҷате, ки дар он номгӯи имкониятҳои гузаронидани диверсия нисбати манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ, инчунин дуздии манбаъҳои радиатсионӣ ва (ё) моддаҳои радиоактивӣ, партовҳои радиоактивӣ зикр карда шудааст;

- қоидаи ду (се) шахс - принсипи кори гурӯҳӣ (аз ҷумла ҳангоми кушодан ва ба посбонӣ супоридани бино) дар асоси талаботи дар як ҷои корӣ ё дар як бино ҳузур доштани на камтар аз ду (се) шахс бо мақсади паст кардани имконияти амалҳои беиҷозат;

- нуқтаҳои нигаҳдорӣ (нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ, маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ)объектҳои статсионарӣ ва иншоотҳои ба таҷҳизоти ядроӣ ва манбаъҳои радиатсионӣ тааллуқ надошта, ки барои нигоҳ доштани моддаҳои радиоактивӣ, нигоҳ доштан ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ таъйин гардидаанд;

- манбаъҳои радиатсионӣ - дастгоҳҳо, асбобҳо, таҷҳизот ва маснуоти ба маҷмӯи таҷҳизоти ядроӣ тааллуқ надошта, ки дар онҳо моддаҳои радиоактивӣ нигоҳ дошта мешаванд;

- моддаҳои радиоактивӣ - моддаҳои ба маводҳои ядроӣ тааллуқ надошта, ки афканишоти ионофар хориҷ мекунанд;

- партовҳои радиоактивӣ - маводҳои ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, ки истифодабарии минбаъдаи онҳо пешбинӣ карда намешаванд;

- худмуҳофизаткунӣ - маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ-техникие, ки дар вақти корӣ аз ҷониби кормандони ташкилоти истифодабаранда, ташкилот, корхона бо мақсади истиснои беиҷозат роҳ ёфтани шахсони бегона ба ҳуҷраҳо, биноҳо ва ҳудудҳои муҳофизатшавандаи таъиноти кор бо манбаъҳои радиатсионӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва таъмин намудани амнияти манбаъҳои радиатсионӣ, моддаҳои радиоактивӣ анҷом дода мешаванд. Дар вақтҳои ғайрикорӣ чунин ҳуҷраҳо, биноҳо ва ҳудудҳо бо ёрии воситаҳои техникии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ муҳофизат карда мешаванд;

- системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдорӣ ва моддаҳои радиоактивӣ - маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ, воситаҳои муҳандисӣ-техникӣ ва амалиёти қисми дидбонӣ, ки барои таъмин намудани муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдорӣ ва моддаҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудаанд;

- хадамоти бехатарӣ - воҳиди сохтории объектҳои хатарноки ядроӣ ва радиатсионӣ, ки барои ташкил ва назорат аз болои иҷрои чорабиниҳо оиди таъмин намудани муҳофизати ҷисмӣ, инчунин барои иҷро намудани як қатор амалҳои махсуси дигар пешбинӣ шудааст;

- хатар - тамоюлҳои имкониятпазири иҷро намудани диверсия ё ки дуздида шудани маводҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ;

- таҷҳизоти индикатсияи мудохила - воситаҳои техникии системаи назорати манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдорӣ ва моддаҳои радиоактивӣ (мӯҳрҳо, тамғаҳо), ки барои дар нуқтаҳои нигаҳдорӣ ошкор намудани дастрасии беиҷозатӣ ба манбаъҳои радиатсионӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудааст.

3. ӯҳдадории мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва иҷозатдорандагон дар соҳаи таъмини муҳофизати ҷисмии манбаҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ

7. Ба ӯҳдадориҳои мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муҳофизати ҷисмии манъбаҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоктивӣ дохил мешаванд:

а) ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ба таъмини муҳофизати ҷисмӣ равоншуда;

б) иҷрокунии корҳои таҳқиқотӣ, сармоягузорӣ ва сиёсати сохторӣ дар соҳаи муҳофизати ҷисмӣ;

в) таҳия намудани ҳуҷҷатҳои юридикии ба масъалаҳои муҳофизати ҷисмӣ далхдошта ва мувофиқгардонии онҳо бо мақоми танзимгар ва қабул намудани онҳо тибқи тартиби муайян намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) назорати ҳолати муҳофизатнокӣ ва иҷрошавии чораҳои бехатарӣ;

д) таъмини иҷрошавии ӯҳдадориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳофизатнокӣ;

е) ташкил ва идораи системаи аксуламал ба ҳодисаҳои нохуши муҳофизати ҷисмӣ, ки бояд ӯҳдадории ҳамаи мақомот/шӯъбаҳои ба раванди эътино намудан ба ҳодисаҳои нохуши ба муҳофизати ҷисмӣ дахлдошта ҷалбшударо дарбар гиранд;

ё) таҳияи барномаи эътино намудан ба ҳодисаҳои нохуш ва тасдиқ намудани он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ж) муайян намудани хатари имконпазир, хабардиҳӣ ба мақомот ва хадамотҳои аксуламал;

з) тафтиши эътимоднокии шахсони ба муҳофизатнокии мавод ва таҷҳизотҳои радиоактив масъул;

и) дар доираи ҳуқуқи худ бурдани тафтишоти фаврӣ бо мақсади ошкор, пешгирӣ ва маълум намудани ҷиноятҳое, ки ба маводҳои радиоактив ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта вобаста ҳастанд;

й) ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ҳамлу нақли маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта;

к) таъмин намудани муҳофизати ҷисмии маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ доштаи ҳамлу нақл шаванда;

л) иҷронамоии амалҳои гумрукӣ дар замони содирот ва воридоти маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта;

м) таъмин намудани муҳофизатнокии маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта дар мавриди содирот ва воридот;

н) таъмин намудани пешгиришавии гузариши ғайриқонунии маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта аз марзҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

о) таъмин намудани муҳофизатнокии маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта дар мавриди мусодира шудани онҳо;

п) дар доираи ҳуқуқи худ бурдани назорати давлатии муҳофизатнокии маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта;

р) баҳодиҳӣ ба барномаи муҳофизатнокӣ дар вақти иҷозатномадиҳӣ ба маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта;

с) гузаронидани тафтиши муҳофизатнокии маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта.

8. Ба ӯҳдадориҳои иҷозатномадор дохил мешаванд:

а) муҳофизатнокии маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ доштаро таъмин менамояд;

б) муайянкунии дизайнро вобаста ба он таҳдид, ки аз натиҷаҳои баҳодиҳии хатари пешгӯӣ намудаи мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои хатари имконпазир бармеояд, таъмин менамояд. Агар зарурият пайдо шавад, экспертонро аз ташкилотҳои экспертӣ ё экспертони мустақилро ҷалб менамояд;

в) таълим ва такмили ихтисоси ҳайъати командони ба раванди муҳофизаткунии маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта ҷалбшударо таъмин менамояд;

г) системаи муҳофизатнокии маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ доштаро тибқи дастовардҳои муосири технологӣ, даврӣ таҳлил менамояд ва аз нав мекунад;

д) дизайн, сохтмон ва иҷроиши воситаҳои муҳандисии муҳофизатнокии маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ доштаро таъмин менамояд;

е) чораҳоро оид ба таъмин намудани муҳофизатнокии маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта таҳия ва амалӣ мегардонад;

ё) иҷрошавии талаботро оид ба муҳофизатнокӣ, ки Талаботи мазкур муқаррар кардааст, таъмин менамояд.

4. Талабот нисбат ба таъмини муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ

9. Талабот ба чорабиниҳои ташкилии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ.

Чорабиниҳои ташкилии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ бояд маҷмӯи чораҳои ташкилӣ ва ҳуҷҷатҳоро оид ба масъалаҳои ташкил ва таъмин намудани муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивиро дарбар гирад.

а) маҷмӯи чораҳои ташкилӣ бояд пешбинӣ намояд:

- таъсиси хадамоти бехатарӣ ва таъмин намудани фаъолияти он;

- ташкил намудани муҳофизати манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- ташкил намудани худмуҳофизаткунии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- чорабиниҳои эҳтиётӣ дар мавриди аз кор мондани ягон қисми таркибии васоити техникии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- таҳия ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои ташкил ва таъмин намудани муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- назорати риояшавии талабот ба системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- маҳдуд намудани шумораи шахсоне, ки барои гузаронидани кор бо манбаъҳои радиатсионӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ иҷозат доранд;

- иҷрошавии қоидаи ду (се) шахс;

- таъминшавии фаъолияти системаи иҷозатии рухсати кормандон, шахсони дар сафари хизматӣ буда, меҳмонон ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди ташкилоти истифодабаранда, ташкилот, корхона, ба ҳуҷраҳои муҳофизатшаванда, бино, инчунин таъмин намудани фаъолияти системаи иҷозатии рухсат ба корҳо, ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳо.

б) ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаи ташкил ва таъмин намудани муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ бояд пешбинӣ кунад:

- номгӯи хатарҳо;

- ҳуҷҷате, ки категорияи манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдорӣ ва моддаҳои радиоактивиро муайян мекунад;

- дастур дар бораи хадамоти бехатарӣ;

- нақшаи муҳофизат ва мудофиаи манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- ҳуҷҷатҳои ташкилию фармоишӣ оид ба таъйин намудани шахсони мансабдори хадамоти бехатарӣ ва масъули системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- низомнома дар бораи системаи иҷозатии рухсати кормандон, шахсони сафари хизматӣ дошта, меҳмонон ва воситаҳои нақлиёт ба ҳуҷра, бино ва ҳудудҳои муҳофизат шаванда, ки он ҷо кор бо манбаъҳои радиатсионӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ гузаронида мешавад, инчунин низомнома дар бораи системаи иҷозатии рухсат ба корҳо, ҳуҷҷатҳо, маълумот;

- рӯйхати шахсоне, ки барои гузаронидани кор бо манбаъҳои радиатсионӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ иҷозат доранд;

- нақшаи ҳамкории маъмурияти ташкилоти истифодабаранда, ташкилот, корхона, хадамоти бехатарӣ, қисми дидбонӣ ва кормандон дар ҳолатҳои муқаррарӣ ва фавқуллода;

- дастур дар бораи худмуҳофизаткунии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- нақшаи тафтиши ҳолати техникӣ ва коршоямии воситаҳои муҳандисӣ - техникии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- ҳуҷҷате, ки тартиби истифодабарии таҷҳизоти индикатсияи дахолатро муайян мекунад;

- дастурҳои вазифавии кормандоне, ки хадамоти бехатариро роҳбарӣ мекунанд ва шахси масъули системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- ҳуҷҷатҳо оид ба сертификатсияи воситаҳои техникии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

10. Талабот ба воситаҳои муҳандисӣ - техникии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ.

а) ба воситаҳои муҳандисӣ - техникии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ бояд ҳуҷҷатҳои нақшавӣ, конструкторӣ ва технологӣ таҳия карда шаванд.

б) талабот ба воситаҳои техникии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ.

Воситаҳои техникии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ бояд дар бар гиранд:

- воситаҳои техникии огоҳкунии муҳофизатӣ, ки ошкор намудани вайронкунандаро дар саросари ҳудуди ташкилоти истифодабаранда, ташкилот, корхона, ҳуҷраҳо, биноҳои муҳофизаткунанда бевосита таъмин менамоянд;

- воситаҳои мушоҳидакунӣ;

- пулти идоракунии воситаҳои техникии системаҳои муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- воситаҳои ошкоркунандаи гузаронидани (кашондани) моддаҳои радиоактивӣ дар нуқтаи гузаргоҳи назоратӣ (НГН) барои гузаштани одамон ва дар НГН барои нақлиёт;

- воситаҳои алоқа;

- таҷҳизоти индикатсияи дахолат;

- системаи таъминот (бо манбаи барқ, бо равшанидиҳакҳои электрикӣ ва ғайра).

Воситаҳои техникии системаҳои муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдорӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бояд манбаҳои эҳтиётии (захиравии) электрикӣ дошта бошанд, ки дар сурати қатъ гаштани манбаи электрикии асосӣ коршоямии воситаҳои техникии системаҳои муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдорӣ ва моддаҳои радиоактивиро бо роҳи автоматӣ васл кардани манбаҳои эҳтиётии электрикӣ таъмин кунад. Воситаҳои техникии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ бояд бардавомии кори онро таъмин кунад ва ҳангоми аз кор баромадани ягон воситаи техникии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ комилан фаъолияти онро вайрон накунад ва боиси қатъ гардидани дигар воситаҳои техникии системаҳои муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ нагардад. в) талабот нисбат ба воситаҳои муҳандисии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ. Воситаҳои муҳандисии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ бояд дарбар гиранд:

- конструксияи сохтмонӣ (бино) ва конструксияи махсус коркардшуда;

- НГН барои гузаштани одамон ва НГН нақлиётӣ;

- таҷҳизоти зидди баҳамбархӯрӣ дар НГН нақлиётӣ;

- воситаи ҳимоятии тирнагузаронанда барои посбонони НГН. Воситаҳои муҳандисии системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ бояд дар роҳи ҳаракати имконпазири вайронкор ҷойгир карда шуда бошанд. Ҳамаи баромадгоҳҳои садамавӣ дар хона ва биноҳои муҳофизат шаванда, ки дар онҳо манбаъҳои радиатсионӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ ҷойгиранд, бояд маҳкам бошанд, бо воситаҳои таҷҳизоти техникии ошкоркунӣ ҷиҳозонида шуда бошанд ва дар мавриди садама баромади бемамонияти одамонро таъмин намоянд.

11. Талабот ба амалиёти қисми муҳофизаткунанда бояд равона бошад ба:

- амалисозии муҳофизати манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ аз амалиётҳои ғайрирухсатӣ;

- амалисозии реҷаи рухсатии дастрасӣ ба манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- амалисозии назорати дастрасӣ ба манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- бо воситаҳои техникӣ идора намудани системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ;

- саривақт ошкор намудани амалиётҳои ғайрирухсатӣ ва эътино намудан ба онҳо;

- пешгирӣ намудани амалиёти ғайрирухсатӣ;

- дастгир намудани шахсоне, ки ба омода намудан ё иҷрокунии амалиёти ғайрирухсатӣ ширкат варзидаанд.

5. Тартиби муайян намудани таркиби талабот ба системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаи нигоҳдории маводҳои радиоактивӣ

12. Манбаҳои афканишоти ионофар нисбати таъсири худ ба 3 савия: "А", "B" ва "С" ҷудо мешаванд, ки "А" савияи олии муҳофизати ҷисмӣ мебошад.

13. Ҳадафи савияи муҳофизатнокии:

а) "А" -пешгирӣ намудани ҷойивазкунии беиҷозати манбаҳои афканишоти ионофар мебошад;

б) "В" - ба минимум овардани имконияти ҷойивазкунии беиҷозати манбаҳои афканишоти ионофар мебошад;

в) "С"-паст намудани имконияти ҷойивазкунии беиҷозати манбаҳои афканишоти ионофар мебошад.

14. Дар ҳар сатҳи бехатарӣ бояд амалҳои зерин иҷро карда шаванд:

а) ошкорнамоӣ

б) пешгирӣ намоӣ

в) эътино намудан.

15. Ташкилот ва муассисаҳои истифодабаранда бояд хатарнокии радиатсионии потенсиалӣ ва категорияи манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивиро аз рӯи хатари радиатсионии потенсиалии онҳо тибқи замимаи 1 муайян намоянд.

16. Хатарнокии радиатсионии потенсиалии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ бояд бо назардошти амалишавии хатари ба садамаи радиатсионӣ оваранда муайян карда шаванд.

17. Барои манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ бояд муносибати алоҳида ба таркиби талаботҳо дар системаи муҳофизати ҷисмии категорияҳои гуногуни манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ пешбинӣ карда шаванд.

18. Барои категорияҳои аз рӯи хатарнокии потенсиалии радиатсионӣ муқарраркардашудаи манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ ташкилот ва муассисаҳои истифодабаранда бояд таркиби талаботҳоро ба системаи муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ тибқи замимаи 2 муайян намоянд.

6. Талабот ба муҳофизатнокии таҷҳизоти маводи радиоактивидошта ҳангоми ҳамлу нақл

19. Барои ҳамлу нақли маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта фақат ҳамон нақлиёт истифода мешаванд, ки:

а) махсус ба ҳамлаи бадандешон тобовар сохта шудааст;

б) барои ҳаракати бефосила бо лавозимот таҷҳизонида шудааст;

в) фақат барои ҳамлу нақли маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта сохта шудааст.

20. Хатсайри ҳамлу нақли маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта, бо қадри имкон, бояд чунон интихоб карда шавад, ки шумораи мавзеҳои аҳолинишин маҳдуд карда шуда бошад, ҳолатҳое, ки ба роҳи дурусти ҳаракат халал мерасонанд, истисно карда шуда бошанд ва ҳарчи қадар бисъёртар дар вақти ҳаракат дар роҳ муҳофизон бошанд.

21. Фосилаи ҳаракат барои ҳамлу нақли маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта аз як ҷой ба ҷойи дигар бояд ҳар қадар хурд бошад, дар барномаи ҳамлу нақл ҳеҷ гуна таваққуф бояд пешбинӣ нашуда бошад ва ивази нақлиёт бо дигараш бояд бошуурона асоснок ва бо қадри имкон маҳдуд карда шуда бошад.

22. Ҳамлу нақли маводҳои радиоактивии категорияҳои "А" ва "В"-и хатар ва таҷҳизотҳои маводи радиоактивӣ доштаи категорияҳои "А" ва "В", новобаста ба намуди нақлиёт, бояд бо шумораи кифояи муҳофизгарон анҷом дода шаванд.

23. Ҳангоми ҳамлу нақли маводҳои радиоактивии категорияи "С"-и хатар ва таҷҳизотҳои маводи радиоактивӣ доштаи категорияи "С" мавҷуд будани муҳофизгарон мақбул аст, вале шарт нест.

24. Экранҳо барои ҳамлу нақли маводҳои радиоактивии категорияҳои "А" ва "В"-и хатар ва таҷҳизотҳои ҳамин гуна мавод дошта бояд бо ду қулфи бо калидҳои гуногун кушодашавада пушида шуда бошанд; ҳар як калид бояд дар шахсони гуногун нигоҳ дошта шаванд ("қоида ду калид").

25. Иттилоот оид ба хатсайри ҳамлу нақли маводҳои радиоактивии категорияҳои хатари "А" ва "В" ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта бояд фақат ба борфиристанда, масъулони нақлиёт, муҳофизгарони ҳамроҳикунанда ва гирандагони борпечҳои нақлиётӣ дастрас бошад.

26. Ҳангоми ҳамлу нақли маводҳои радиоактивии категорияҳои хатари "А" ва "В" ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта борфиристанда- масъулони нақлиёт- боргиранда-муҳофиз бояд робитаи доимии телефонӣ дошта бошанд.

27. Ҷадвал ва хатсайри ҳамлу нақли маводҳои радиоактивӣ ва таҷҳизоти маводи радиоактивӣ дошта бояд бо гирандаи борпеч мувофиқа кунонида шуда бошад.

28. Гирандаи борпеч баробари гирифтани он бояд бутунии борпечи ба ӯ фиристодаро тасдиқ намояд ва баъди тасдиқ, фавран борфиристандаро аз ин хусус огоҳ намояд.

7. Огоҳнамоӣ оид ба амалиёти беиҷозат нисбати манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаи нигоҳдории маводҳои радиоактивӣ

29. Ҳангоми амалиёти беиҷозат нисбати манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ, инчунин дарёфт намудани манбаъҳои радиатсионии гумшуда ва (ё) моддаҳои радиоактивӣ, партовҳои радиоактивӣ ташкилот ва муассисаи истифодабаранда (новобаста аз намуди моликияташ) бояд:

а) дар муддати 1 соат аз вақти ошкор шудани чунин амалиётҳо ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи дахлдор аз рӯи тобеият, мақомоти назорати санитарию-эпимидиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муҳофизати граждании назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ, мақомоти маҳаллӣ огоҳнома равона намояд;

б) ахбороти иловагӣ ва далелҳои наверо, ки баъди додани огоҳнома ошкор мешаванд, ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи дар боло зикргашта хабар диҳад;

в) ба мақомотҳои ҳокимияти иҷроияи дар боло зикргашта оид ба амалиёти ғайрирухсатӣ нисбати манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдории моддаҳои радиоактивии категорияи 1 аз рӯйи хатари имконпазири радиатсионӣ на дертар аз 10 рӯз аз вақти ошкор кардани ин амалиёт ҳисобот пешниҳод намояд.

Замимаҳои 1 - 2 дар нусхаи аслӣ оварда шудаанд