Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 223 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2005, № 354"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2005, № 354

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2005, № 354 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва тамоми матни қарор калимаҳои "Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ" ба калимаҳои "Муассисаи "Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин" иваз карда шавад;

- дар муқаддимаи қарор калимаҳои "20 июни соли 2005, №Н 157 TJ" ба калимаҳои "16 марти соли 2012, №Н 758 - TJ" иваз карда шавад;

- дар зербанди дуюми банди 1 калимаҳои "Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин" иваз карда шавад;

- банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин бинои заруриро барои ҷойгир намудани Муассисаи "Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин" ва марказҳои кадастри замини минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии он ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намояд.";

- банди 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"3. Муассисаи "Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин" дар мувофиқа бо Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ сохтор, ҷадвали басти мансабҳо, номгӯи маблағи хароҷотро барои нигоҳдории дастгоҳи Муассисаи "Маркази татбиқи Лоиҳа ва системаи кадастри замин" ва марказҳои минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии он, таҳия ва тасдиқ намояд.";

- банди 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"4. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шаванд, ки барои амалӣ намудани Лоиҳа ба Муассисаи "Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин" мусоидат намоянд.".

2. Оинномаи Муассисаи "Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин" дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 19 сентября 2005 года, №354

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 19 сентября 2005 года, №354 "О создании Государственного учреждения "Центр реализации Проекта по регистрации и кадастровой системы земель для устойчивого развития сельского хозяйства" следующие изменения и дополнения:

- в названии и по всему тексту постановления слова "Государственное учреждение "Центр реализации Проекта по регистрации и кадастровой системы земель для устойчивого развития сельского хозяйства" заменить словами Учреждение "Центр реализации Проекта по регистрации и кадастровой системы земель";

- в преамбуле постановления слова "20 июня 2005 года, №Н 157 TJ" заменить словами "16 марта 2012 года, № Н 758 - TJ";

- во втором подпункте 1 слова "Государственный комитет Республики Таджикистан по землеустройству" заменить словами "Уполномоченный государственный орган по урегулированию земельных отношений";

- пункт 2 изложить в следующей редакции:

"2. Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан совместно с Уполномоченным государственным органом по урегулированию земельных отношений выделить необходимое помещение для размещения Учреждения "Центр реализации Проекта по регистрации и кадастровой системы земель" и его региональных, городских и районных земельно-кадастровых центров в качестве вклада Правительства Республики Таджикистан.";

- пункт 3 изложить в следующей редакции:

"3. Учреждению "Центр реализации Проекта по регистрации в кадастровой системы земель" по согласованию с Уполномоченным государственным органом по урегулированию земельных отношений, Министерством финансов Республики Таджикистан и Всемирным Банком разработать и утвердить структуру, штатное расписание и наименование суммы расходов на содержание аппарата Центра реализации Проекта и его региональных, городских и районных земельных кадастровых центров";

- пункт 4 изложить в следующей редакции:

"4. Обязать местные исполнительные органы государственном власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, районов, городов, соответствующие министерства и ведомства оказывать содействие Учреждению "Центр реализации Проекта по регистрации и кадастровои системы земель" в реализации Проекта.".

2. Утвердить Устав Учреждения "Центр реализации Проекта по регистрации и кадастровой системы земель" в новой редакции (прилагается).

...