Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
шаҳри Душанбе, 26.04.2013
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва
вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Мо дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳалаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварамон қарор дорем.
Сиёсати давлат дар ин марҳала ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад.
Бо ин мақсад соли гузашта Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2015 таҳия гардида, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Барои татбиқи стратегия беш аз 18 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, барои маблағгузории барномаи мазкур аз буҷети давлат беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда мешавад ва маблағи он дар маҷмӯъ 30 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Мо итминон дорем, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани ҳуҷҷати барномавии мазкур рушди иқтисодии мамлакат, идоракунии самаранок ва татбиқи афзалиятҳои кишвар таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ хеле баланд бардошта мешавад.
Дар ин марҳалаи рушд истифодаи самараноки имкониятҳое, ки ба шарофати пайвастани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дар натиҷаи ворид шудан ба низоми байналмилалии тиҷорат муҳайё мегарданд, бисёр муҳим мебошад.
Узвияти Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои сифати баланди мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва қобили рақобат такони ҷиддӣ бахшида, инчунин ба зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, фоидаовар гардидани истеҳсоли молҳои ватании ба содирот нигаронидашуда, болоравии маърифатнокии соҳибкорони ватанӣ ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон бо ин, тамоюлҳо ва хусусиятҳои мушаххаси рушди ҷаҳони муосир аз ҳар кадоми мову шумо назари санҷидаву масъулона, баррасии амиқ ва муайян намудани роҳҳои ҳалли масоили калидии ҳаётро тақозо мекунанд.
Дар замони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат пеш мераванд, сарчашмаи хатарҳои нав, аз қабили мавҷҳои нави буҳрони молиявию иқтисодӣ вуҷуд доранд.
Ноустувории нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ, мушкилоти кишварҳои алоҳида, натиҷаи дилхоҳ надодани чорабиниҳои ин мамлакатҳо ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин пайваста зиёд шудани масъалаҳои ҳассоси иҷтимоӣ ба иқтисодиёти мо низ ба таври мустақим ё ғайримустақим таъсири манфии худро расонида истодааст.
...