Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2013, № 1136
тасдиқ шудааст
Оинномаи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршаванда
26 январи соли 2009
Моддаи I Таъсисёбии Агентӣ
А. Тарафҳои Оинномаи мазкур Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршаванда (минбаъд-Агентӣ)-ро тибқи шартҳои зерин таъсис медиҳанд.
В. Агентӣ дар фаъолияти худ ба принсипи баробарии аъзои худ асос ёфта, ба риояи ҳуқуқи мухторият ва салоҳияти онҳо ҳангоми ба амал баровардани он таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд.
Моддаи II Мақсад
Агентӣ ба рушди васеъ ва татбиқи амалӣ, ҳамчунин истифодабарии устувори тамоми шаклҳои энергияи барқароршаванда мусоидат намуда, ба асос мегирад:
а) бартарӣ ва афзалиятҳои миллию дохилие, ки дар муносибатҳои якҷоя ҷиҳати манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва тадбирҳои самарабахши энергетикӣ ба даст оварда шудаанд;
б) саҳме, ки манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои ҳифзи муҳити зист тавассути маҳдудсозии фишороварӣ ба захираҳои табиӣ, кам намудани буриши ҷангал, хусусан ҷангалҳои тропикӣ, биёбоншавӣ ва коҳиш ёфтани гуногуншаклии биологӣ, ба муҳофизати иқлим, ба рушди иқтисодӣ ва муттаҳидии иҷтимоӣ, инчунин аз байн бурдани камбизоати ва рушди устувор оид ба дастрасӣ ба сарфаҷӯии энергия ва бехатарии он ба рушди минтақавӣ ва масъулияти якҷояи наслҳо мегузоранд.
Моддаи III Мафҳум
...