бо Фармони Президенти ҶТ аз 26.02.2025 № 969 беэътибор дониста шуд
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 апрели соли 2001 № 548
тасдиқ шудааст
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 апрели соли 2001 № 548
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.1. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, амният, гумрук, андоз, агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, дар мубориза бар зидди ҷинояткори, бо роҳи бо ҳамдигар ҳамоҳанг сохтани корашон ва дар ҳамбастаги барои сари вақт ошкоркуниву кушодан, пешгирию бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии ҷиноятҳо мусоидат мекунанд, тадбирҳои лозима меандешанд ва онро дар амал татбиқ менамоянд.
1.2. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолияташонро дар мубориза бар зидди ҷинояткори мувофиқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои ҷори ва Низомномаи мазкур, бо ҳам ҳамоҳанг карда, онро дар амал татбиқ менамоянд.
1.3. Мувофиқи моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он фаъолияти мақомоти корҳои дохили, амният, гумрук, андоз ва дигар мақомоти ҳифзи ҳудудро, ки бар зидди ҷинояткори мубориза мебаранд, ҳамоҳанг менамоянд.
1.4. Ба ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокурор (Раиси Шӯро) ва роҳбарони мақомоти дахлдори ҳифзи хуқуқ ё иҷрокунандагони вазифаи онҳо (аъзои Шӯро) дохил мешаванд.
Дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсози шахсони мансабдори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлати дар маҳалҳо, идоракунии ҳарби, ташкилотҳои ҷамъияти, кормандони илмию омӯзгори, намояндагони васоити ахбори умум метавонанд иштирок варзанд.
Барои тайёр намудани масъалаҳои дар Шӯрои ҳамоҳангсози баррасишаванда ва иштирок дар он метавонанд намояндагони мақомоти назораткунанда ва дигар мақомотҳои давлати ҷалб карда шаванд.
...