Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳо маблағгузоришаванда аз 2 майи соли 2013, № 211

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 361 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2013, № 211

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2013, № 211

тасдиқ шудааст

Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳо маблағгузоришаванда

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳо маблағгузоришаванда (минбаъд - Тартиб) мутобиқи қисми дуюми моддаи 192 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда (минбаъд - ААИ) озод намудани таҳвили молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) маблағгузоришавандаро муайян менамояд.

2. Барои расидан ба мақсадҳои ҳамин Тартиб лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - лоиҳаҳое, ки дар заминаи созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (татбиқи) онҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва давлатҳои хориҷӣ (ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ), ташкилотҳои ватанӣ, хориҷӣ ва байналмилалии молиявӣ амалишаванда, дониста мешаванд.

3. Қарзгирандаҳо (грантгирандаҳо) шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдоршудае мебошанд, ки ба онҳо қарз -(грант) ба сифати иҷрокунандаи лоиҳаи сармоягузорӣ дода мешавад.

4. Барои мақсадҳои ҳамин Тартиб шахсони зерини дар лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита иштироккунанда, ки нисбаташон озодкунӣ аз ААИ аз рӯи таҳвили молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (татбиқи) лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидашаванда, татбиқ мегардад, инҳо ба ҳисоб мераванд:

- шахсони ҳуқуқӣ - резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сифати супорандагони андоз аз арзиши иловашуда тибқи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд;

- ғайрирезидентҳо, аз ҷумла онҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо фаъолият мекунанд.

5. Озодкунӣ аз пардохти ААИ ба шахсони дар банди 4 ҳамин Тартиб зикргардида, аз рӯи аҳдҳои (қарордодҳои, шартномаҳои ва созишномаҳои) барои таҳвили молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) харидашаванда, ҳангоми риоя кардани шартҳои зерин пешниҳод карда мешавад, агар:

...

Утратил силу пост. Правительства РТ от 29.07.2022 №361 

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 мая 2013 года, № 211

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 мая 2013 года, № 211

Порядок освобождения от налога на добавленную стоимость поставок товаров (исполнения работ, услуг), оплачиваемых за счет средств соглашений

1. Общие положения

1. Порядок освобождения от налога на добавленную стоимость поставок товаров (исполнения работ, услуг), оплачиваемых за счет средств соглашений (далее - Порядок) разработан в соответствии с частью второй статьи 192 Налогового кодекса Республики Таджикистан и определяет порядок освобождения от налога на добавленную стоимость (далее - НДС) поставок товаров (исполнения работ, услуг), оплачиваемых за счет средств кредитных (грантовых) соглашений.

2. Для достижения целей настоящего Порядка инвестиционными проектами Правительства Республики Таджикистан признаются проекты, реализуемые на основе кредитных (грантовых) соглашений об их финансировании (реализации) между Республикой Таджикистан (Правительством Республики Таджикистан) и иностранными государствами (правительствами иностранных государств), отечественными, иностранными и международными финансовыми организациями.

3. Кредитополучателями (грантополучателями) являются юридические лица или лица, уполномоченные в установленном нормативными правовыми актами порядке, в качестве исполнителей проекта (программы, соглашения), в целях которого предоставлен кредит (грант).

4. Для целей настоящего Порядка на нижеследующие лица, непосредственно участвующих в инвестиционных проектах Правительства Республики Таджикистан применяется освобождение от НДС по поставкам товаров (исполнения работ, услуг), приобретаемых за счет средств кредитных (грантовых) соглашений, о финансировании (реализации) инвестиционных проектов Правительства Республики Таджикистан:

- юридические лица - резиденты Республики Таджикистан, зарегистрированные в качестве плательщиков НДС;

- нерезиденты, в том числе те, которые осуществляют деятельность в Республике Таджикистан через постоянные учреждения нерезидентов.

5. Освобождение от уплаты НДС предоставляется лицам, указанным в пункте 4 настоящего Порядка, по заключенным сделкам (контрактам, договорам, соглашениям) на поставку товаров (исполнение работ, услуг) приобретаемых за счет средств кредитных (грантовых), соглашений, при соблюдении следующих условий, если:

...