Замима
ба Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2001 № 542
Замима
ба Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2001 № 542
Қоидаҳои пур кардани дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ин Қоидаҳо ба амалиёти мақомоти санҷиши, ҳангоми гузародани тамоми намудҳои санҷиши (санҷиш, ревизия, санҷиши мутақобила, санҷиши назорати ва ғайра) фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла ҳангоми санҷиши молиявию хоҷагидори, бонки, чораҳои зидди сӯхтор, санитарию эпидемологи, ветеринари, умури назорати энергетики, ҳифзи табиат, карантин ва ҳифзи растани, риояи қоидаҳои савдои мол ва дигар санҷишҳо паҳн мешаванд.
2. Дафтари бакайгирии санҷиширо субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорони инфироди) новобаста аз шакли моликияташон, пеш мебаранд. Субъектҳои хоҷагидор (соҳибкори инфироди) Дафтари бақайдгирии санҷишро бо салоҳдиди худ ва то пур шудани он пеш бурда, мувофиқи тартиби муқарраргардида нигоҳ медоранд.
То оғози санҷиш роҳбари субъекти хоҷагидор (соҳибкори иифироди) барои пур кардани сутунҳои дахлдор Дафтари бақайдгирии санҷишро ба мансабдори мақоми санҷиш пешниҳод менамояд.
3. Дар сутуни якум рақами тартибии қайди санҷишу назорат нишон дода мешавад.
4. Дар сутуни дуюми насаби шахсони.ваколатдори барои санҷиш ташрифоварда рақами шаҳодатнома (аз ҷумла, шаҳодатномаи махсус), номи мақоме ки шаҳодатномаро додааст, мӯҳлати эътибори шаҳодатнома нишон дода шуда, бо имзои номбурда тасдиқ карда мешавад.
5. Дар сутуни сеюм дар сурати мавҷуд будани мутахассис ва аудитор (ширкати аудитори)-и даъватшуда, ному насаби онҳо, рақами шаҳодатномаи шахси, рақами литсензия, номи мақоме, ки литсензияро додааст ва мӯҳлати эътибори литсензия нишон дода мешавад.
6. Дар сутуни чорум асоси назорату санҷиши субъекти хоҷагидор (соҳибкорони инфироди) ва санаи оғози назорату санҷиш нишон дода мешавад.
7. Дар сутуни панҷум намуд ва мақсади санҷиш нишон дода мешавад.
8. Дар сутуни шашум ба охир расидани санҷиш нишон дода мешавад.
...