Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 2 майи соли 2013, № 203

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2021 № 298 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2013, № 203

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2013, № 203

тасдиқ шудааст

Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1. Низомномаи мазкур мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2013, №1402 "Дар бораи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ" таҳия гардида, тартиб ва шартҳои таъину пардохти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба донишҷӯёни шакли таълими рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Низомномаи мазкур ба донишҷӯёни шакли таълими рӯзона, ки муваффақиятҳои назаррас дар фаъолияти таълимӣ ва илмӣ доранд, пардохт карда мешавад.

3. Андозаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, бо дарназардошти шумораи донишҷӯён, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд.

5. Донишҷӯёни шакли таълими рӯзонаи ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар чор нимсолаи хониш (курсҳои 1 ва 2) танҳо бо баҳои "аъло" таҳсил намудаанд ва дар таҳқиқотҳои илмии инноватсионӣ, чорабиниҳои илмӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, довталабони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонанд.

6. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як соли таҳсил (аз 1 сентябр то 30 июн) таъин карда мешавад.

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 30.07.2021г.№298

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 мая 2013 года, № 203

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 мая 2013 года, № 203

Положение о назначении Стипендии Президента Республики Таджикистан для студентов учреждений высшего профессионального образования

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

1. Настоящее Положение разработано в соответствии с Указом Президента Республики Таджикистан от 28 января 2013, №1402 "О Стипендии Президента Республики Таджикистан для студентов учреждений высшего профессионального образования", которое определяет порядок, условия назначения и выплату Стипендии Президента Республики Таджикистан студентам дневной формы обучения учреждений высшего профессионального образования Республики Таджикистан.

2. Стипендия Президента Республики Таджикистан согласно данному Положению выплачивается студентам дневной формы обучения, имеющим значительные успехи в учебной и научной деятельности.

3. Размер Стипендии Президента Республики Таджикистан определятся Президентом Республики Таджикистан.

4. Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан совместно с другими министерствами и ведомствами, имеющими в своей структуре учреждения высшего профессионального образования, определяет количество получателей Стипендии Президента Республики Таджикистан для учреждений высшего профессионального образования, с учетом количества студентов, обучающихся за счёт государственного бюджета.

5. Претендентами на получение Стипендии Президента Республики Таджикистан могут быть студенты дневной формы обучения всех учреждений высшего профессионального образования, которые обучаются за счёт государственного бюджета в течении четырех семестров (1 и 2 курсы) только на "отлично" и активно участвуют в научных инновационных исследованиях, научных мероприятиях и общественных работах.

6. Стипендия Президента Республики Таджикистан назначается на один год обучения (с 1 сентября до 30 июня).

...