Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, № 163 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005, № 175"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005, № 175

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005, № 175 "Дар бораи Тартиби аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар муқаддимаи қарор рақамҳои "215, 226-231, 236" ба рақамҳои "173, 183-187 ва 191" иваз карда шавад;

- аз банди 3 қарор калимаҳои "дар соли 2005" хориҷ карда шавад.

2. Ба Тартиби аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005, № 175 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар тамоми матни Тартиб калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "мақомоти андоз, ки дар он андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст," ва "мақомоти андоз" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад;

- дар банди 1 рақамҳои "215, 226-231, 236" ба рақамҳои "173, 183-187 ва 191" иваз карда шавад;

- дар банди 3:

- дар зербанди а) калимаи "ҳисоботӣ" ба калимаҳои "ҳисоботии андоз" иваз карда шавад;

- дар зербанди б) рақами "6" ба рақами "3" иваз карда шавад;

- дар зербанди а) банди 4 баъди калимаи "андозҳо," калимаҳои "(ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ)" илова карда шавад;

- дар банди 5 рақамҳои "3", "11" ва калимаи "сесола" мутаносибан ба рақамҳои "5", "14" ва калимаи "панҷсола" иваз карда шавад;

- дар зербанди б) банди 7 рақами "215" ба рақами "173" иваз карда шавад ва сархатҳои 2 ва 3 ҳамин зербанд хориҷ карда шуда, сархатҳои нав бо мазмунҳои зерин илова карда шаванд:

" - эъломияи гумрукии бор бо қайди мақоми гумруке, ки иҷозати молҳоро таҳти низоми гумрукии содирот анҷом додааст ва ҳангоми содироти молҳо таҳти низоми гумрукии содирот тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ ё бо истифодаи расмиёти эъломияи нопурраи даврӣ эъломияи пурраи гумрукии бор бо қайди мақоми гумруке, ки барасмиятдарории гумрукиро анҷом додааст;

- нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи мол бо қайди мақоми гумрукӣ дар гузаргоҳи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида. Ҳангоми содироти мол таҳти низоми гумрукии содирот тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ инчунин санади қабул ва супоридани молҳо низ пешниҳод карда мешавад;

- ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва иқтибос аз бонк (нусхаи иқтибос), ки воридоти воқеии даромади асъорро аз таҳвили молҳо ба содирот ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва/ё ба суратҳисобҳои ӯ дар бонкҳои дар хориҷа воқеъбуда, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, тасдиқ менамоянд";

- зербанди в) банди 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

" - ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳо ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳуҷҷатҳои дар зербанди "б)" ҳамин банд пешбинишуда, инчунин нусхаи эъломияи гумрукии бор мебошанд, ки дар кишвари воридоти молҳои аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми содирот баровардашуда ба расмият дароварда шудаанд. Мутобиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад тартиби дигари тасдиқи содироти молҳоро ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муқаррар намояд".

3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 марти соли 2013, № 163

ш. Душанбе