Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2013, № 118 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369"

Санаи амалкуни: 21.06.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 337)

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 30 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"30) Конҳои "Дуобаи Шарқӣ" ва "Кумарғи Боло" барои истихроҷ ва коркарди тилло ва дигар канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ.".

2. Фармоишгари сохтмони фабрикаи бойгардонӣ ва иншооти марбут ба истеҳсоли тилло ва дигар канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ" ва пудратчии генералии он ҷамъияти саҳомии кушодаи "ТВЕА"-и Ҷумҳурии Халқии Хитой тасдиқ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 337).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон

аз 13 марти соли 2013, № 118

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года № 369

(редакции постановления Правительства РТ от 21.06.2018г.№337)

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Пункт 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №369 "Об особо важных объектах" дополнить подпунктом 30 следующего содержания:

"30) Месторождения "Восточная Дуоба" и "Верхний Кумарг" для добычи и разработки золота и других попутных полезных ископаемых ".

2. Утвердить заказчиком строительства обогатительной фабрики и объектов, связанных с производством золота и других попутных полезных ископаемых, общество с ограниченной ответственностью "ТВЕА Душанбе горная промышленность" и его генеральным подрядчиком открытое акционерное общество "ТВЕА" Китайской Народной Республики (редакции постановления Правительства РТ от 21.06.2018г.№337).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 13 марта 2013 года, № 118