Замимаи
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, № 87
тасдиқ шудааст
Замимаи
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, № 87
тасдиқ шудааст
Низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2014 № 782)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2014 № 782)
1. Низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (минбаъд - Низомнома) бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" таҳия карда шудааст.
2. Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (минбаъдКомиссия) дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3. Ваколатҳои Комиссия:
- татбиқи мораторияи санҷишқои фаъолияти субъектхои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- қабул намудани қарор оид ба масъалаҳои мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- муайян намудани мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- тасдиқи номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки бо мақсади гирифтани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба Комиссия пешниҳод карда мешаванд;
...