Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, № 959 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2000 "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №4, мод. 108; с. 2004, №5, мод.351; с. 2007, №5, мод. 351; с. 2008, №10, мод. 796; с. 2010, №7, мод.539; №12, қ.1, мод. 801; с. 2011, №12, мод. 830) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми якуми моддаи 19:

- банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Таъсис, барҳам додан ва тағйир додани сарҳади воҳидҳои марзиву маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистан ва тағйир додани мансубияти маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа, номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин;";

- банди 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5. Интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон; ";

- банди 5 мутаносибан банди 6 ҳисобида шавад.

2. Дар қисми якуми моддаи 24:

- банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5) ба Маҷлиси миллӣ номзадии Намояндаи Маҷлиси миллиро дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад; ";

- бандҳои 5), 6), 7), 8) мутаносибан бандҳои 6), 7), 8), 9) ҳисобида шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Статья 1. Внести в Конституционный закон Республики Таджикистан от 19 апреля 2000 года "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2000 г., №4, ст. 108; 2004 г., №5, ст. 351; 2007 г., №5, ст. 351; 2008 г., №10, ст. 796; 2010 г., №7, ст. 539; №12, ч.1, ст. 801; 2011 г., №12, ст. 830) следующие изменения и дополнения:

1. В части первой статьи 19:

- пункт 1 изложить в следующей редакции:

"1. Образование, упразднение и изменение границ административно-территориальных единиц, установление и перенос их административных центров, отнесение и изменение принадлежности населённых пунктов к категории города, посёлка и села, именование и переименование административно-территориальных единиц и населенных пунктов;";

- дополнить пунктом 5 следующего содержания:

"5. Избрание Представителя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан в Конституционном суде Республики Таджикистан, Совете юстиции Республики Таджикистан и в других органах Республики Таджикистан;";

- пункт 5 соответственно считать пунктом 6.

2. В части первой статьи 24:

- дополнить пунктом 5) следующего содержания:

"5) представление Маджлиси милли кандидатуры Представителя Маджлиси милли в Конституционном суде Республики Таджикистан, Совете юстиции Республики Таджикистан и в других органах Республики Таджикистан;";.

- пункты 5),6),7),8) соответственно считать пунктами 6),7),8),9).

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.

...