Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, № 957 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ОСОРХОНАҲО ВА ФОНДИ ОСОРХОНАҲО"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012 "Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 688) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои "муносибатҳои ҳуқуқиро" ба калимаҳои "муносибатҳои ҷамъиятиро" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 4:

- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Фаъолияти осорхонаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи онҳо ва қарорҳои муассис (муассисон) сурат гирифта, онҳо метавонанд фаъолияти даромадноки барои мақсадҳои оинномавиашон заруриро амалӣ намоянд. Осорхонаҳо ҳуқуқ доранд бевосита дар бинои осорхона фурӯши расмҳо, суратҳо, китобҳо, тӯҳфаҳо ва дигар ашё бо истифодаи тасвири бино ва иншоот, рамзҳои осорхона, ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии дар онҳо таҷассумёфтаро ба роҳ монанд.".

- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад.

3. Моддаи 4(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 4(1). Осорхона-мамнӯъгоҳ

1. Осорхона-мамнӯъгоҳ намуди махсуси осорхона мебошад, ки дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ мансуббуда ва манзараҳои табиии ба онҳо алоқаманд таъсис дода мешавад. Дар мавриди зарурӣ дар ҳудуди чунин мамнӯъгоҳ истеҳсолоти анъанавӣ ва дигар намуди фаъолият тибқи оинномаи он амалӣ карда мешавад.

2. Осорхона-мамнӯъгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва дастрасии шаҳрвандонро ба онҳо таъмин менамояд, нигоҳдорӣ, омӯзиш ва тарғиби объектҳои зикршударо ба роҳ мемонад, инчунин барои ҳифзи табиат ва туризм шароит фароҳам меорад.".

4. Ба қисми 3 моддаи 10 пас аз калимаҳои "коллексияи осорхонавии" калимаҳои "қисми ғайридавлатии" илова карда шаванд.

5. Дар қисми 2 моддаи 15 калимаҳои "осорхонавии дорои аҳамияти умумибашарӣ" ба калимаҳои "осорхонавие, ки аҳамияти сарвати таърихию фарҳангӣ доранд," иваз карда шаванд.

6. Дар қисми 2 моддаи 25 калимаи "меросдиҳандаро" ба калимаи "меросгузорро" иваз карда шавад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МУЗЕЯХ И МУЗЕЙНОМ ФОНДЕ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 3 июля 2012 года "О музеях и Музейном фонде" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012г., №7, ст. 688) следующие изменения и дополнения.

1. В преамбуле Закона слова "правовые отношения" заменить словами "общественные отношения".

2. В статье 4:

- дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. Деятельность музеев организовывается в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, их уставами и решениями учредителя (учредителей) и они могут заниматься деятельностью, приносящей доходы, необходимые для достижения уставных целей. Музеи вправе заняться торговлей фотографиями, рисунками, книгами, сувенирами и другими товарами с изображениями музейных предметов, музейных коллекций, зданий, сооружений и символики музея непосредственно в помещении музея.";

- часть 3 считать частью 4.

3. Дополнить статьей 4 (1) следующего содержания:

"Статья 4 (1). Музей-заповедник

1. Музей-заповедник - особый вид музея, который создается на территории объектов историко-культурного наследия, относящихся к историко-культурному заповеднику и связанного с ними природного ландшафта. При необходимости, на территории данного заповедника организовывается традиционное производство и иной вид деятельности в соответствии с его уставом.

2. Музей-заповедник в соответствии с законодательством Республики Таджикистан обеспечивает сохранность объектов историко-культурного наследия на своей территории и доступ к ним граждан, а также осуществляет хранение, изучение и популяризацию указанных объектов, создает условия для охраны природы и туристской деятельности.".

4. Часть 3 статьи 10 после слов "музейных коллекций" дополнить словами "негосударственной части".

5. В части 2 статьи 15 слова "общечеловеческое значение" заменить словами "историко-культурную значимость".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

...