Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, № 938 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256; №7, мод. 685; мод. 693; №8, мод. 814), моддаҳои 93(1) ва 93(3) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Моддаи 93(1). Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила

Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 93(2). Риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ

Барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз таъйин карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

19 марти соли 2013, № 938

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 19 декабри соли 2012, № 1028

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон               М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 28 феврали соли 2013, № 462

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Статья 1. Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч. 1, ст. 989; ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321; №9-10, ст. 543; 2010 г., №1, ст. 2; ст. 5; №3, ст. 153; №7, ст. 547; №12, ч. 1, ст. 812; 2011 г., №6, ст. 430; ст. 431; №7-8, ст. 610; №12, ст. 838; 2012 г., №4, ст. 256; №7, ст. 685; ст. 693; №8, ст. 814), дополнить статьями 931 и 932 следующего содержания:

"Статья 93 (1). Нарушение требования законодательства Республики Таджикистан о предупреждении насилия в семье

Нарушение требования законодательства Республики Таджикистан о предупреждении насилия в семье, то есть совершение умышленного деяния физического, психического или экономического характера или угроза их совершения в семейных отношениях, если эти деяние нарушает права и свободы члена семьи, при отсутствии признаков преступления,

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от двух до пяти показателей для расчетов.

Статья 93 (2). Нарушение требований защитного предписания

Нарушение условий защитного предписания,

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от пяти до десяти показателей для расчетов или административный арест на срок от пяти до пятнадцати суток.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 19 марта 2013 года, № 938

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                          Ш. Зухуров

г. Душанбе, 19 декабря 2012 года, № 1028

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                       М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 28 февраля 2013 года, №462