СОЗИШНОМА оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
Давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (минбаъд - СААД), ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
аҳдномаҳои байналмилалии байни тарафҳо дар соҳаҳои мудофиа, амният, ҳарбию иқтисодӣ (ҳарбию техникӣ)-ро ба роҳбарӣ гирифта,
бо кӯшиши таъмини сатҳи лозимаи қобилияти мудофиавӣ ва амнияти миллии Тарафҳо,
ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳарбӣ-иқтисодиро дар шароити кооператсияи бавуҷудомада ва навташкили илмию техникии корхонаҳои соҳаи мудофиавии саноатиро таҳким бахшида,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
Тарафҳо ҳамкориҳои мутақобилаи доимӣ ва ҳамкориро дар ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳои (экспозитсияи) маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ, дуҷониба ва махсус ва технологияҳо дар қаламрави Тарафҳо, инчунин дар қаламрави кишварҳои сеюм амалӣ менамоянд.
Моддаи 2
Мақомоти ваколатдори Тарафҳо оид ба татбиқи Созишномаи мазкур инҳо мебошанд:
аз Ҷумҳурии Арманистон - Вазорати савдо ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Арманистон;
аз Ҷумҳурии Беларус - Кумитаи давлатии саноати ҳарбии Ҷумҳурии Беларус;
аз Ҷумҳурии Қазоқистон - Вазорати саноат ва савдои Ҷумҳурии Қазоқистон;
аз Ҷумҳурии Қирғизистон - Вазорати саноат, энергетика ва захираҳои сӯзишвории Ҷумҳурии Қирғизистон;
аз Федератсияи Россия - Хадамоти федералӣ оид ба ҳамкорҳои ҳарбию техникӣ;
аз Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
аз Ҷумҳурии ӯзбекистон - Корхонаи давлатии "ӯзмахсусимпэкс".
Мақомоти ваколатдор ҳамоҳангсозии ташкили экспозитсияҳои миллии маҳсулоти таъиноти ҳарбиро дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.
Дар ҳолати тағйирёбии мақомоти ваколатдор Тарафҳо Котиботи СААД-ро ба роҳҳои дипломатӣ фавран огоҳ менамоянд.
Моддаи 3
Тарафҳо кӯшишҳои худро дар самтҳои зерин муттаҳид месозанд:
вусъати амалҳои мутақобилаи байни аъзои ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои Тарафҳо дар соҳаи фаъолияти таблиғотию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ;
ташкили экспозитсияи ягонаи миллии ташкилотҳои (муассисаҳои) худ, ташкили павилонҳои миллӣ дар намоишгоҳҳои давлатҳои аъзои СААД;
таъсиси низоми мусоидати бештар барои ташкилотҳо ва муассисаҳои давлатҳои аъзои СААД мусоид, аз ҷумла пешниҳоди майдончаҳои намоишӣ ва дигар хизматрасониҳо чун барои иштирокчиёни худ;
ташкили майдони ягонаи таблиғотию намоишгоҳии соҳаи ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ дар доираи СААД;
мубодилаи иттилоот оид ба масъалаҳои фаъолияти таблиғотию намоишгоҳи дар соҳаи ҳарбию иқтисодӣ ва таҷриба дар ин кор;
амалӣ гардонидани ҳамкории мутақобилаи ташкилотҳое (корхонаҳое), ки бевосита фаъолияти таблиғотию намошгоҳиро дар соҳаи ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ амалӣ менамоянд;
таъмини тадбирҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва иттилооти паҳнашавиашон маҳдуд оид ба маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тарафҳо аъзои онҳо мебошанд.
Моддаи 4
Тарафҳо:
мақомоти дастаҷамъӣ (кумитаҳои тадорукот, гурӯҳҳои кории дуҷониба ва бисёрҷониба) оид ба фаъолияти таблиғотию намоишгоҳӣ ташкил менамоянд;
дар намоишгоҳҳои маҳсулотҳои таъиноти ҳарбӣ экспозитсияҳои муттаҳидаи маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ таъсис медиҳанд.
ба ташкилотҳо (корхонаҳои) алоҳидаи Тарафҳо барои иштирок дар чунин намоишгоҳҳо дар экспозитсияҳои миллии худ дар асоси шартҳое, ки бо шартҳои барои (муассисаҳо) ташкилотҳои худ баробаранд, мусоидат менамоянд.
Моддаи 5
Бо мақсади татбиқи Созишномаи мазкур Тарафҳо масъалаҳои вобаста ба ташкили кумитаҳои тадорукот ва гӯруҳҳои кории дахлдорро, ки дар моддаи 4 ҳамин Созишнома зикр гардидаанд, мувофиқа менамоянд.
Моддаи 6
Баҳсҳо ва ихтилофоти назар вобаста ба шарҳ ва татбиқи муқаррароти Созишномаи мазкур бо роҳи машварат ва гуфтушунидҳои мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҳал мегарданд.
Дар ҳолате, ки баҳсҳо ва ихтилофоти назар миёни Тарафҳо танзим нагарданд, Тарафҳо ин масъалаҳоро барои баррасӣ ба Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои СААД месупоранд ё дар бораи роҳи дигари ҳалли онҳо мувофиқа менамоянд.
Моддаи 7
Тағйироту иловаҳо ба Созишномаи мазкур бо розигии мутақобилаи Тарафҳо ворид карда мешаванд ва бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда мешаванд, ки қисми ҷудоношавандаи Созишномаи мазкур буда, мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаи 8 Созишномаи мазкур эътибор пайдо мекунанд.
Моддаи 8
Созишномаи мазкур аз санаи ба маҳфуздоранда супоридани огоҳиномаи чаҳорум дар бораи аз ҷониби Тарафҳои имзонамудаи он иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он заруранд, эътибор пайдо мекунад.
Барои Тарафҳое, ки расмиёти зарурии дохилидавлатиро дертар иҷро намудаанд, Созишномаи мазкур аз санаи ба маҳфуздоранда супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 9
Созишномаи мазкур дар давоми мӯҳлати амали Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 амал менамояд, агар Тарафҳо дар бораи тартиби дигар ба мувофиқа нарасанд.
6 октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар як нусхаи аслӣ бо забони русӣ ба имзо расонида шуд. Нусхаи аслӣ дар Котиботи СААД нигоҳ дошта мешавад, ки ба Тарафҳои имзонамудаи он нусхаи тасдиқгардидаи онро ирсол менамояд.
Аз ҷониби
Ҷумҳурии Арманистон
Аз ҷониби
Ҷумҳурии Беларус
Аз ҷониби
Ҷумҳурии Қазокистон
Аз ҷониби
Ҷумҳурии Қирғизистон |
Аз ҷониби
Федератсияи Россия
Аз ҷониби
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз ҷониби
Ҷумҳурии ӯзбекистон
|