Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 103
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Баъд аз сархати сеюми банди 6 Низомномаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 103 "Дар бораи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-назорати саҳмбандӣ ва пардохти сахмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро амалӣ менамояд;".
2. Дар Нақшаи идоракунии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №103 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Шӯъбаҳо ва бахшҳои" ба калимаҳои "Раёсату шӯъбаҳои" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 декабри соли 2012, № 787
ш. Душанбе
аз 29 декабри соли 2012, № 787
ш. Душанбе
...