Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, № 928 "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ ЯКУМ)

Моддаи 1. Ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум), ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №6, мод. 153; с. 2001, №7, мод. 508; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 170; с. 2005, №3, мод. 125; с. 2006, №4, мод. 193; с. 2007, №5, мод. 356; с. 2010, №3, мод. 156; №12, қ.1, мод. 802; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, №850), моддаи 174(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 174(1). Ҳифзи шаъну шараф ҳангоми тӯҳмат ё таҳқир

Шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳангоми тӯҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки шаъну шараф ва эътибори шахси дигарро паст мезанад ё таҳқир, яъне беадабона бо алфози қабеҳ паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар тибқи талаботи моддаҳои 170, 171 ва 174 Кодекси мазкур ҳифз карда мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

28 декабри соли 2012, № 928

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2012, № 913

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                               М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012, № 423

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ГРАЖДАНСКИЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН (ЧАСТЬ ПЕРВАЯ)

Статья 1. Дополнить Гражданский кодекс Республики Таджикистан (часть первая), принятый Законом Республики Таджикистан от 30 июня 1999 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999 г., № 6, ст. 153; 2001 г., № 7, ст. 508; 2002 г., № 4, ч. 1, ст. 170; 2005 г., №3, ст. 125; 2006 г., №4, ст. 193; 2007 г., №5, ст. 356; 2010 г., №3, ст. 156; №12, ч. 1, ст. 802; Закон Республики Таджикистан от 3 июля 2012 года, №850), статьей 174(1) следующего содержания:

"Статьи 174 (1) Защита чести и достоинства при оскорблении и клевете

Честь и достоинство и деловая репутация при клевете, то есть заведомом распространении ложных сведений, порочащих честь и достоинство и репутацию другого лица или оскорблении, то есть унижении чести и достоинства и репутации другого лица, выраженного в неприличной форме, защищаются в соответствии с требованиями статей 170, 171 и 174 настоящего Кодекса.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                          Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

28 декабря 2012 года, № 928

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

 МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Гражданский кодекс Республики Таджикистан (часть первая)"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Гражданский кодекс Республики Таджикистан (часть первая)".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                Ш. Зухуров

г. Душанбе, 1 октября 2012 года, №913

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

 МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Гражданский кодекс Республики Таджикистан (часть первая)"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Гражданский кодекс Республики Таджикистан (часть первая)", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Гражданский кодекс Республики Таджикистан (часть первая)".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                               М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 13 декабря 2012 года, №423