ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №3, мод. 168) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонуни мазкур муносибатҳоро дар соҳаи ҳифз, истифода, нигаҳдорӣ ва тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ танзим менамояд.".
3. Моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:
- танзими ҳуқуқии таъмини ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, рушди минбаъдаи онҳо ба манфиати ҷомеа;
- муайян намудани низоми ҳуқуқии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчун намуди хоси молу мулки ғайриманқул ва сарвати умумимиллӣ;
- муқаррар намудани назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- ҳимояи ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва муайян намудани ӯҳдадориҳои онҳо оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
...