ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 490; с. 2003, № 12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181; №6, мод. 443; №12, қ. 1, мод. 982; с. 2010, №1, мод. 1; №12, қ. 1, мод. 799; с. 2011, №7-8, мод. 604; №12, мод. 829; с. 2012, №7, мод. 683; №8, мод. 809) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 3 калимаҳои "созмону муассисаҳо, ташкилотҳо" ба калимаҳои "корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 5:
- ба сархати ҳафтуми қисми дуюм пас аз калимаҳои "аз вазифа озод шудан" калимаҳои ", ба нафақа баромадан" илова карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои "дошта, бо ягон санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор ё маҳдуд карда намешаванд" ба калимаи "доранд" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми дуюми моддаи 16 калимаи "панҷоҳ" ба калимаи "бист" иваз карда шавад.
4. Дар банди 2 қисми якуми моддаи 18:
- зербанди б) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"б) бо сабаби ба нафақа баромадан;";
- зербандҳои б), в) ва г) мутаносибан зербандҳои в), г) ва д) ҳисобида шаванд.
5. Дар моддаи 19:
- дар қисми дуюм калимаҳои "бист" ва "даҳ" мутаносибан ба калимаҳои "сию панҷ" ва "бисту панҷ" ва калимаҳои "бист сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ доштан" ба калимаҳои "сию панҷ сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла на камтар аз понздаҳ сол собиқаи кории судягӣ доштан" иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои "даҳ", "бист сол аст, бо майлу хоҳишаш нафақа ё баробари ҳаштод" ва "навад" мутаносибан ба калимаҳои "бисту панҷ", "сию панҷ сол аст, баробари панҷоҳ" ва "шаст" иваз ва ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад;
...