(бо Кодекси экологии ҶТ аз 21.10.2026 № 2299 аз эътибор соқит дониста шуд)
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Қонуни мазкур муносибатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, новобаста ба шаклҳои моликияташон, барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сифати ҳавои атмосфера ва таъмини амнияти экологӣ танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҳавои атмосфера - қабати газҳое, ки заминро иҳота карда, асосан аз нитроген, оксиген, омехтаи газҳои инертӣ, дуоксиди карбон, озон ва дигар газҳо иборат мебошад;
- қабати озонӣ - қабати атмосфера, ки байни баландиҳои 7-8 километр дар қутбҳои замин, дар экватор 17-18 километр ва дар рӯи сайёра бо зичии зиёд дар баландиҳои 20-22 километр аз сатҳи замин воқеъ гардида, шуои ултрабунафши барои мавҷудоти зинда ҳалокатовари кайҳониро аз худ намегузаронад;
- партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера - ворид шудани моддаҳои ифлоскунанда аз манбаъҳои партовҳо ба ҳавои атмосфера;
- дастгоҳи газтозакунӣ - иншоот ва (ё) таҷҳизот барои тоза намудани газҳо бо усулҳои физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва дигар усулҳои нобудсозӣ ва безараргардонии моддаҳои ифлоскунанда;
- ифлосшавии ҳавои атмосфера - ворид шудан ба ҳавои атмосфера, мавҷуд будан ва ё пайдо шудани моддаҳои ифлоскунандаи муҳити зист, ки дар натиҷаи таъсири зараровари он хосият, мавқеъ ё миқдорашон боиси тағйироти манфии сифати ҳавои атмосфера, аз он ҷумла боиси баландшавии меъёрҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера мегардад;
- моддаи ифлоскунанда - моддаи кимиёвӣ ё биологӣ ва ё омехтаи чунин моддаҳо, ки ба ҳавои атмосфера ворид шуда, ба саломатии инсон ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад;
- манбаъҳои партов - таҷҳизоти технологӣ ва дигар таҷҳизот, равандҳои технологӣ, мошину механизмҳо, ки моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера партов мекунанд;
- сифати ҳавои атмосфера - вазъи ҳавои атмосфера, ки ба он нишондиҳандаҳои кимиёвӣ, биологӣ ва дигар нишондиҳандаҳо ё маҷмӯи онҳо хос аст;
...