Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-2017 аз 3 декабри соли 2012, № 686

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012 № 686

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012 № 686

тасдиқ шудааст

Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-2017

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1. Муқаддима

1. Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-2017 (минбаъд - Барнома) тибқи талаботи банди 4 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 100-солагии матбуоти тоҷик (10 марти соли 2012) баён шудаанд, таҳия гардидааст.

2. Мақсади асосии Барнома тақвияти тарбияи мутахассисони соҳаи журналистика ва таъмини талаботи воситаҳои ахбори омма бо кадрҳои соҳибихтисос мебошад.

3. Вазъи кунунии матбуоти даврӣ, агентиҳои иттилоотӣ, нашриёт, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма тақозо менамояд, ки мушкилоти тарбияи мутахассисони соҳаи журналистика дар сатҳи давлатӣ ҳал карда шаванд. Зеро дар шароите, ки муборизаҳои иттилоотӣ миёни кишварҳо торафт густариш ёфта, ҳифзи амнияти иттилоотии кишвар аҳамияти муҳим пайдо намудааст, воситаҳои ахбори омма ба кадрҳое эҳтиёҷ доранд, ки ҳифзи манфиатҳои умумимиллиро таъмин карда тавонанд.

4. Маълум аст, ки воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири зиёд ва муассир дошта, дар ҳаёти иҷтимоӣ нақши бузург мебозанд. Онҳо, хусусан дар замони таҳаввулоту тағйироти самтҳои рушди ҷомеа, омезиши идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо кардаанд. Ҳама гуна ҷомеаи иттилоотӣ, алалхусус кишварҳое, ки нав ба чунин ҷомеа қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.

5. Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд дар ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман, ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин талаботи ҳатмии ҷомеаи иттилоотӣ маҳсуб меёбад.

6. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи воситаҳои мустақили ахбори омма хеле афзудааст ва аз лиҳози миқдор ҳоло онҳо нисбат ба воситаҳои ахбори оммаи ҳукуматӣ ду маротиба зиёданд.

...

Утверждена

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 3 декабря 2012 года, № 686

Утверждена

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 3 декабря 2012 года, № 686

Программа подготовки квалифицированных кадров средств массовой информации на 2013-2017 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

1. Введение

1. Программа подготовки квалифицированных кадров средств массовой информации на 2013-2017 годы (далее - Программа) разработана в целях реализации пункта 4 Плана мероприятий по реализации установок и поручений Президента Республики Таджикистан, высказанных в ходе выступления на торжественном заседании в честь 100-летия со Дня таджикской печати (10 марта 2012 года).

2. Основная цель Программы совершенствование воспитания кадров сферы журналистика, также удовлетворение потребности средств массовой информации в квалифицированных специалистах.

3. Нынешнее состояние периодической печати, информационных агентств, издательств, телевидения, радио и других электронных средств информации требует, чтобы проблемы воспитания специалистов данной сферы находили своё решение на государственном уровне. Потому что в условиях, когда между государствами постепенно усиливается информационная борьба и защита информационной безопасности страны приобретает особое значение, средства массовой информации нуждаются в кадрах, умеющих обеспечить защиту общенациональных интересов.

4. Известно, что средства массовой информации, сильно воздействуя на мышление общества, играют огромную роль в социальной жизни. Они приобрели особенное значение особенно во времена преобразования и изменения направлений развития общества, переплетения идеологий и совершенствования нового социального взгляда. Любое демократическое общество, особенно государства, недавно вступившие на этот путь, нуждаются в средствах массовой информации и в их активной продуктивной деятельности.

5. Опыт суверенного Таджикистан показывает, что газеты, журналы, телевидение и радио, как один из основных средств воздействия на мышление общества, могут активно способствовать в решении существующих проблем. Так как общество всегда нуждается в информации о деятельности государственных органов и в целом, всех ветвей власти, которое является обязательным требованием свободного демократического общества.

6. В годы независимости Таджикистана увеличилось количество независимых средств массовой информации и на сегодняшний день они два раза превышают по количеству правительственные средства массовой информации.

...