Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 380
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 380 "Дар бораи додани имтиёзҳои андозӣ ба корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дӯзандагӣ) машғуланд" калимаҳои "Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "АЛМ" ба калимаҳои "Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Файзи истиқлол-2011" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 декабри соли 2012, № 673
ш. Душанбе