Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 аз 3 декабри соли 2012, № 678

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012,

№ 678 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012,

№ 678 тасдиқ шудааст

Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1. Муқаддима

Ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маданияти баланди ҳуқуқиро талаб менамояд, ки бе он чунин арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд пурра амалӣ шаванд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2001 "Барномаи Системаи давлатии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардида буд. Он бо дарназардошти принсипҳо ва мақсаду вазифаҳои Даҳсолаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 1995-2004, ки бо қатъномаи 49/184 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) эълон гаштааст, таҳия шуда буд. Барномаи мазкур доираи васеи ҳадафҳоро муқаррар намуда, шаклҳои гуногуни таълими ҳуқуқи инсонро барои тамоми қишрҳои ҷомеа фаро мегирифт.

Бинобар ба анҷом расидани вазифаҳои асосии Барномаи зикргардида ва бо мақсади такмили низоми таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон зарурати таҳия ва қабули Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон пеш омадааст.

Барномаи мазкур мутобиқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд ва бо дарназардошти принсипҳо, мақсаду вазифаҳои марҳилаи дуюми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2010-2014 таҳия гардидааст.

Барнома тавсеа ва такмили марҳилавии низоми иттилоотӣ, маърифатӣ ва таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, гузаштан ба сатҳи сифатан нави тайёр кардани кадрҳо мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ равона гаштааст.

Доираи амали Барномаи мазкур таълими (омӯзишӣ) соҳаи ҳуқуқи инсон дар системаи маориф, курсҳои омӯзишӣ ва азнавтайёркунии омӯзгорон, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбиро фаро мегирад.

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 декабря 2012 года, №678

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 декабря 2012 года, №678

Программа образования в области прав человека на 2013-2020

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

1. Введение

Формирование правового государства и гражданского общества требует высокую правовую культуру, без которой не могут быть в полной мере реализованы такие базовые ценности и принципы общества, как верховенство закона, приоритетность прав и свобод человека и защита законных интересов граждан.

Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 12 июня 2001 года была утверждена "Программа Государственная система образования в области прав человека в Республике Таджикистан". Она разрабатывалась, исходя из принципов, целей и задач Десятилетия образования в области прав человека (1995-2004 годы), провозглашенного резолюцией Генеральной Ассамблеи Организации Объединенных Наций (ООН) 49/184. Программа определила широкий круг целей, направленных на обеспечение различных форм обучения правам человека практически всех слоев населения.

В связи с завершением основных задач, закрепленных в названный Программе, и с целью совершенствования системы образования в области прав человека, назрела необходимость в разработке и принятии новой Программы образования в области прав человека.

Настоящая Программа разработана в соответствии с требованиями Конституции Республики Таджикистан, законов Республики Таджикистан, международных правовых актов в области прав человека, признанных Таджикистаном, и исходя из принципов, целей и задач второго этапа Всемирной Программы образования в области прав человека на 2010-2014 годы.

Программа направлена на поэтапное расширение и совершенствование системы информирования, просвещения и обучения в области прав человека, переход на качественно новый уровень подготовки кадров в соответствии с требованиями национального законодательства и международных стандартов.

Действие настоящей Программы распространяется на преподавание (изучение) прав человека в системе образования, на курсы подготовки и переподготовки учителей, судей, гражданских государственных служащих, сотрудников правоохранительных органов и военнослужащих на всех уровнях.

...