Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
-дар банди 2 рақами "96" ба рақами "83" иваз карда шавад;
-сохтори дастгоҳи марказии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Роҳбарият
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломӣ
Раёсати илм ва инноватсия
Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
Раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф
...